Оё худро ба Умар (р) баробар мекунї? 


Мы поможем в написании ваших работ!



ЗНАЕТЕ ЛИ ВЫ?

Оё худро ба Умар (р) баробар мекунї?



Ваќте ки Умар (р) аз хона баромад, торикї њама љоро фаро гирифта буд. Ў пинњонї ба як гўшаи Мадина роњ пеш гирифт. Пас аз оне, ки торикии шаб ўро аз назарњо пинњон сохт чашми Талња (р) ба ў афтод. Талња (р) бо маќсади мушоњидаи рафтори Умар (р), аз паси ў равон шуд.

Умар (р) ба хонаи кўчаке ворид шуд ва дер боз берун наомад. Косаи сабри Талња (р) аз интизорї лабрез шуд, пас ба манзили худ рафт. Пагоњирўзї ў ба дари њамон хонача рафта, вориди он шуд. Дар хона пиразани нобиное нишаста буд.

Талња (р) аз пиразан пурсид:

Он мард, яъне Умар (р) дирўз бо чї маќсад омада буд?

Пиразан гуфт:

Он мард чанд муддат аст, ки рўзгори маро таъмин мекунад ва озору азияти зиндагиро аз ман дур месозад.

Талња (р) бо таассуф сар љунбонда гуфт:

-Модарат нолаатро кунад, эй Талња, оё худро ба Умар (р) баробар мекунї?[52]

 

Баракати дуои Умар (р)

Дар миёни лашкари ислом марде аз ањли Шом шомил буд, ки наърааш ба наъраи шер монандї дошт. Ин наърањои ў њангоми муњориба аз њазор савораи љангї авлотар буд. Њангоме, ки ў наъра мезад, дар паси ў шумораи зиёди љанговарон саф мекашиданд ва якбора њамла мекарданд. Ўро ба назди амирулмўъминин Умар (р) ба Мадина фиристоданд. Умар (р) баъди чанде ўро гум карда, ба кофтукоби ў афтод. Ба халифа Умар (р) хабар доданд, ки он марди шуљоъ шаробхор шудааст. Умар (р) котибашро талабида, амр кард, ки чунин нависад:

- Аз Умар ибни Хаттоб (р) ба фалонї ибни фалонї. Салом бар ту. Баъд аз њамду санои Худое, ки љуз ў маъбуди барњаќе нест ва ў бахшандаи гуноњон, тавбапазир, сахтгиру муќтадир аст ва љуз ў маъбуди барњаќе нест ва бозгашти њама мављудот ба сўи ўст. Эй мард, туро ба сўи ў мехонам.

Баъд аз ин Умар (р) ба њамроњонаш гуфт:

- Аз Худо дар њаќќи он бародаратон дуо кунед, то ки Худо ўро ба роњи рост њидоят созад ва тавбаашро бипазирад.

Ваќте ки мактуби Умар (р) ба он мард расид, онро такрор ба такрор мехонд ва мегуфт:

- Бахшандаи гуноњ, тавбапазир, сахтгир. Баъд аз ин дуру дароз гирист, њатто оби чашмаш ришашро тар кард. Бо баракати дуои Умар (р) дигар касе надид, ки он мард шароб нўшида бошад[53].

 

 

52. Ањли оилаатро аз сухтор наљот дењ!

Умар (р) дар канори роњ бо марди жўлидамўе, ки асари сафари дуру дароз дар љисми лоѓару пажмурдааш ба назар мерасид, рў ба рў гардид ва аз ў пурсид:

-Номат чист?

Марди мусофир гуфт:

-Номам Љамра (оташпора)

Умар (р) гуфт:

-Номи падарат чист?

-Номи падарам Шињоб (ситораи фурўафтанда)

Пасон пурсид:

-Аз куљо омадї?

Мард гуфт:

-Аз Њараќа, (макони сўхта), номи ноњияе дар Уммон

Умар (р) боз пурсид:

-Ањли хонаводаат дар куљо сокин шуданд?

Мард гуфт:

-Дар Њурраи нор (гармии оташ), (номи ноњияе дар наздикии Мадина).

Умар (р) гуфт:

-Ба масканат шитоб ва ањли оилаатро аз сўхтор наљот бидењ!

Мард ба манзилаш рафта, њолро мувофиќи гуфтаи Умар (р) дид. Ин аз каромоти Умар (р) буд.[54]

 

 

53. Умар (р) ва роњиб

Умар (р) аз назди савмааи роњибе гузар карда, назди дари он таваќќуф кард ва роњибро ба наздаш хонд. Ба роњиб хабар доданд, ки ин мард амирулмўъминин аст.

Баъди чанде ба љониби Умар (р) марди лоѓару заифе омад, ки тарки дунё намуда ва парњезгориро пеша карда буд. Умар (р) њоли ўро дида гирён шуд. Ба њазрати Умар (р) гуфтанд, ки сабаби гиря чист?

-Охир ин мард ку, насронї аст.

Умар (р) дар љавоб гуфт:

-Оре, медонам, ки ў насронї аст, вале сухани Худо ба ёдам расид, ки дар Ќуръон мегўяд:

×'s#ÏB%tæ ×pt6Ϲ$¯R ÇÌÈ 4’n?óÁs? #·‘$tR Zpu‹ÏB%tn ÇÍÈ

«Хастањолу љафокашида дар оташи афрўхташуда месўзанд».

(Сураи Ѓошия, оятњои 3, 4)

Аз ин хотир дилам ба мењнату машаќќаташ сўхт, ки ўро аз оташи дўзах наљот намедињад.[55]

Бемории Умар (р)

Умар (р) боре шабона, савори хар, дар тангкўчањои Мадина гашту гузор мекард, то ки аз ањволи одамон бохабар шавад. Дар њамин асно аз назди хонаи ансорие гузар кард ва дид, ки ў рост истода намоз мегузорад. Умар (р) боз истода ба сурае, ки он мард дар намозаш ќироат мекард, гўш андохт. Ў ин оятњоро тиловат мекард:

«Ќасам ба кўњи Тур (1). Ва ќасам ба китоби навишташуда (2). Дар ќоѓази кушода (3). Ва ќасам ба хонаи маъмур (4). Ва ќасам ба саќфи барафрошташуда (5). Ва ќасам ба бањри пуркардашуда (6). Њароина азоби парвардигори ту буданист (7). Нест онро њељ боздоранда (8).

(Сураи Тур, оятњои 1-8)

Умар (р) баъди гўш кардани ин оятњо, чунин гуфт:

- Ќасами ёд кардаи Худованди Каъба њаќ аст ва Худо њаќ аст.

Баъди гуфтани ин суханон аз хар фаромада ба девор такя кард ва дуру дароз истод. Пас, ба хонааш баргашта, тўли як моњ бемори бистарї гардид. Мардум дар ин муддат ба аёдаташ меомаданд, вале сабаби бемориашро намедонистанд.[56]

 

55. Умар (р) ва Њурмузон

Њурмузон яке аз бузургони императории Форс бо дастони баста ва рўњияи шикаста дар рў ба рўи њазрати Умар (р) њозир карда шуд. Умар (р) ба ў мурољиат карда гуфт:

- Сухан бигўй!

Њурмузон дар љавоб гуфт:

- Њамчун одами зинда сухан гўям ё одами мурда?

Умар (р) гуфт:

- Њамчун одами зинда.

Њурмузон бо дили пур ба сухан даромада, чунин гуфт:

- Дар давраи љоњилият (ќабл аз зуњури ислом) мову шумо дин надоштем ва мо ќабилањои арабро одам њам њисоб намекардем. Аммо, ваќте ки Аллоњ шуморо бо дини нав иззатманд гардонид ва Расулашро аз миёни шумо баргузид мо ба шумо итоат накардем.

Умар (р) Њурмузонро бо тањаммул гўш карда, бо андеша гуфт:

- Ту ин суханонро дар њоле мегўї, ки дар дасти мо асирї?!

Баъд Умар (р) ба ѓазаб омада амр кард, ки Њурмузонро ќатл кунед.

Њурмузон гуфт:

- Оё Паёмбар (с) баъд аз амният додан ба асир, нагуфтаанд, ўро накушед?

Умар (р) гуфт:

- Расули акрам (с) ба мо чунин таъкид кардааст, вале ман ба ту амният надодаам.

Њурмузон гуфт:

- Чї хел? Ту ба ман гуфтї, ки њамчун одами зинда сухан бигў ва одами аз љонаш ноумед зинда нест.

Умар (р) бо таассуф гуфт:

- Худо бикушад туро … аз ман худро эмин сохтї, вале ман бехабар мондам.[57]

 

56. Яњудии хоин

Ваќте ки Умар (р) ба сарзамини Шом ташриф овард, марде аз ањли китоб ба назди ў омада гуфт:

- Эй амирулмўъминин, бубин, ки марде аз мусулмонон бо ман чї кард ва сари кафидаву бадани аз зарбу лат афгорашро ба њазрати Умар (р) нишон дод.

Умар (р) ин њоли ўро дида, ба ѓазаб омад ва Суњайб (р)-ро амр кард, ки рафта гунањкорро биёр.

Суњайб рафта, баъди чанде њамроњи Авф ибни Молики Ашљаї бозгашт. Ваќте ки Авф ибни Молик дар рў ба рўи Умар (р) ќарор гирифт, Умар (р) аз ў пурсид:

- Эй Авф, чаро ин мардро лату кўб кардї?

Авф ибни Молик гуфт:

- Эй амирулмўъминин, ман ин мардро дидам, ки аз нухтаи харе гирифта онро мебурд ва зане болои хар нишаста буд. Ин яњудї харро хала кард, то ки занро афтонад. Чун пас аз хала задани хар зан наафтид, ўро тела дод. Баъди ба замин афтондани зан, ў худро болои зан партофт.

Умар (р) гуфтањои Авфро бо диќќат гўш карда, баъд аз чанд лањза амр кард, ки рафта он зани љабрдидаро биёред, то ки ба дурустии гуфтањои Авф гувоњї дињад.

Баъд аз чанде падар ва шавњари он зан ба назди Умар (р) оварда шуданд ва гуфтањои Авфро тасдиќ карданд.

Умар (р) амр кард, ки он марди яњудиро ба дор овезанд.

Баъд аз иљрои њукм Умар (р) ба љамъомадагон мурољиат карда, гуфт.

- Мо бо яњудиён барои ин гуна корњо мусолиња накардаем ва илова намуд:

- Эй мардум, аз Худо битарсед ва дар њаќќи кофирони зиммабардор хиёнатеро раво мадоред, вале агар ягон нафаре аз онњо чунин рафтор кунад, пас, дар мавриди ў зиммае нест.[58]

 

 

57. Умар (р) ќасоси мазлумро мегирад

Марде ба назди Умар (р) омада худро партофт ва бо овози гирифта аз ў дод хост. Оби дидаи ин мазлуми мисрї рўяшро мешуст, њол он ки Худованд розї нест, ки оби дидае зулман резонида шавад. Љабрдида ба Умар (р) рўй оварда, гуфт:

-Эй амирулмўъминин, аз зулми золиме ба ту паноњ мебарам.

Умар (р) аз ѓазаб пешониашро чин карда, ба мард наздиктар шуд ва ўро бовар кунонида, гуфт, ки ба паноњгоњи хубе паноњ бурдї, ба назди касе омадї, ки њатман ба додат мерасад.

Он мард бо алам гуфт:

-Ман бо писари Амр ибни Ос (р) дар аспдавонї мусобиќа кардам ва аз ў пеш гузаштам. Ў бошад дар ѓазаб шуда, маро ќамчинкорї кард ва гуфт, ки ту чї гуна љуръат карда, аз ман пеш гузаштї. Ман писари ду шахси обрўманд њастам (падар ва бобояшро дар назар дошт).

Умар (р) арзи он шахси мазлумро шунида, зуд ба Амр ибни Ос (р) нома навишт ва аз ў хост, ки писари золимашро бо худ гирифта биёяд. Баъди чанде Амр ибни Ос (р) ба назди Умар (р) њозир шуд. Писараш низ ўро њамроњї мекард.

Умар (р) чун писари Амр ибни Ос (р)-ро дид, аз љояш бархост ва бо садои баланд бонг зад:

- Марди мисрї куљост?

Он марди ситамдида бо тарсу изтироб ба назди Умар (р) омад.

Умар (р) ба ў бо эњтиром мурољиат карда, гуфт:

- Ќамчинатро гирифта бизан!

Марди мисрї бо шунидани фармони Умар (р) ќамчинро гирифта ба њаво бардошта ва бо шаст ба пушти писари Амр ибни Ос (р), ки дастњояш ба танаи дарахти хурмо баста буд, кўфтан гирифт. Умар (р) бошад дар назди он мард истода, мегуфт:

- Бизан, писари ду марди обрўмандро!

Анас ибни Молик (р), ки шоњиди ин манзара буд, мегўяд:

- Ќасам ба Худо, ки ўро зад ва мо дар ибтидо тарафдори задан будем. Ваќте ки задан идома ёфт ва он мард боз наистод, дар дил таманно мекардем, ки аз задан даст боздорад.

Баъд аз ин Умар (р) гуфт:

- Ќамчинро бигир ва Амр ибни Ос (р)-ро бизан. Он марди ќасосгир, ки аз задан бозистода буд, гуфт:

- Эй амирулмўъминин, маро писараш зада буд ва ман ќасосамро аз ў ситондам. Дигар даъвое надорам.

Умар (р) ба љониби Амр ибни Ос (р) нигарист ва гуфт:

- Аз кай боз мардумеро, ки аз модар озод таваллуд шудаанд, ѓулом кардаед?!

Амр ибни Ос (р) дар љавоб сарашро хам карда, гуфт:

Эй амирулмўъминин, ман аз ин њодиса хабаре надоштам ва ин мард низ ба наздам наомадааст.[59]

 

 

58. Одилона њукм кардї

Ќайсари Рум намояндаи худро ба сўи Умар (р) фиристода, ба ў супориш дод, ки рафта тарзи кору рафтори Умар (р)-ро мушоњида намо. Ваќте ки намояндаи Ќайсар ба Мадина ворид шуд, ягон ќаср ва ё хонаи бошукўњеро надид, ки аз макони малик хабар дињад.

Аз ин рў, аз ањли Мадина пурсид, ки боргоњи малики шумо куљост? Ба ў љавоб доданд, ки мо малик надорем, балки соњиби амирем ва ў айни замон ба беруни Мадина рафтааст.

Намояндаи Ќайсари Рум дар љустуљўи Умар (р) аз Мадина берун баромада, ўро дар зери сояи дарахте рўи замин хобида дид.

Умар (р) дурраашро зери сар гузошта мехобид ва касе ўро посбонї намекард. Ваќте он мард Умар (р)-ро дар чунин њолат дид, дилаш нарм шуд ва худ ба худ гуфт:

- Марде, ки подшоњон аз њайбати ў орому ќарорро аз даст додаанд, чунин оддию хоксор аст! Эй Умар (р), ту ки одилона њукм меронї, њамеша эминї, аз ин хотир бе тарсу вањм хуфтаї. Малики мо, ки зулм мекунад, њамеша бо тарсу њарос умр ба сар мебарад. Ман гувоњї медињам, ки дини ту њаќ аст. Агар ман ба назди ту ба њайси намоянда намеомадам, њатман мусулмон мешудам. Вале ман бори дигар ба наздат бозмегардам ва дини туро ќабул мекунам.[60]

 

59. Умар (р) фарзандашро мебўсад

Умар (р) мардеро аз бани Асад дар як минтаќа њоким таъин кард. Он мард ба назди Умар (р) омад, то ки васиќаро бигирад ва расман ба иљрои вазифа оѓоз кунад. Умар (р), ки њамроњи яке аз фарзандонаш омада буд, дар назди он мард фарзандашро мењрубонї карда, ўро бўсид. Он мард ба тааљљуб ба ин манзара нигарист ва гуфт:

- Эй амиралмўъминин, оё кўдакро мебўсанд?

Ман дар њайратам, кўдакеро набўсидаам. Умар (р) аз гуфтањои ин мард пай бурд, ки ў хело њам марди дурушту номењрубонест. Пас, гуфт:

- Ќасам ба Худо, ки ту нисбат ба одамон рањм надорї. Васиќаро ба ман дењ ва барои ман њаргиз њукмеро иљро накун[61].

 

 

60. Умар (р) фарзандашро љазо медињад

Дар як шаби зулмонї, шайтон бо васвасањояш Абдуррањмон ибни Умар ибни Хаттоб ва Абисарваа Уќба ибни Њорисро дар доми макри худ даровард. Ин ду нафар аз куљое шароб пайдо карда, онро нўшиданд ва маст шуданд. Пагоњирўзї аз хоби мастона бедор шуданд ва аз кори кардаашон пушаймон гаштанд. Баъди чанде шитобон ба назди Амр ибни Ос (р), ки амири Миср буд, рафта, бо гиряву зорї чунин гуфтанд:

Эй амир, моро пок бисоз, зеро мо шароб нўшида маст шудем. Амр ибни Ос (р) гуфт:

- Њардуятон ба хона дароед.

Онњо ба хона дохил шуданд. Амр ибни Ос (р) сари њардуи гунањкорро тарошида, онњоро бо тозиёна зад. Ваќте ки ин хабар ба Умар (р) расид, дарњол ба Амр ибни Ос (р) нома навишта, талаб кард, ки Абдуррањмонро ба сўи ман дар болои уштуре, ки каљоваи нињоят хурд дорад, бифирист (маќсад аз каљоваи хурд нороњат ва азият додани Абдуррањмон буд, то ки дигар гуноњ накунад). Амр ибни Ос (р) фармони халифаи мусулмононро бе каму кост иљро кард.

Ваќте ки Абдуррањмон ба назди падараш Умар (р) омад, Умар (р) ўро бо дурра якчандто зада, сиёсаташ кард, вале бори дигар њаддаш назад (њад барои шаробхор дар шариати ислом 100 дурра задан аст)[62]. Умар (р) писарашро бозпас ба Миср фиристод. Як моњи дигар зиндагї кард ва олами фониро падруд гуфт.

 

 

61. Хостгории Набї (с) Њафса (р)-ро

Шавњари Њафса (р) – духтари њазрати Умар (р), Ханис ибни Њузофаи Сањмї ном дошт ва дар натиљаи љароњате, ки дар љанги Бадр бардошта буд, њалок шуд. Ў сањобаи бузург ва яке аз аввалин сањобањои Расули акрам (с) ба шумор мерафт. Баъди ба анљом расидани иддаи (муддате, ки дар давоми он зан баъди марги шавњар њуќуќи издивољ надорад ва он 4 моњу 10 рўз аст) Њафса (р), падараш – њазрати Умар (р) бо Усмон ибни Аффон (р) вохурда, ба ў никоњ кардани духтарашро пешнињод намуд ва чунин гуфт:

- Агар хоњиш дошта бошї, Њафсаро ба ту никоњ карда ба занї медињам. Усмон ибни Аффон (р) дар љавоб гуфт:

- Каме фикр карда, баъд љавоб медињам.

Баъди чанд рўз Усмон ибни Аффон (р) ба њазрати Умар (р) вохўрда, гуфт, ки ман имрўзњо зан гирифтанї нестам. Умар (р) ба назди Абўбакри Сиддиќ (р) рафта ба ў низ њамин пешнињодро карда, гуфт:

- Агар хоњї, Њафсаро ба ту никоњ карда медињам.

Абўбакр (р) хомўш истода, ягон љавоб надод. Умар (р) аз ин муносибат беш аз пеш ба ѓазаб омад.

Аз миён чанд рўз нагузашта Расули акрам (с) Њафсаро аз падараш хостгорї карда, ба никоњи худ дароварданд.

Баъди ин њодиса Абўбакр (р) бо Умар (р) вохўрда, ба ў чунин гуфт:

Ваќте ки ман пешнињодатро дар мавриди никоњ кардани Њафса (р) рад кардам, ба фикрам, аз ман ранљидї.

Умар (р) гуфт:

- Бале.

Абўбакр (р) гуфт:

- Ман пешнињоди туро танњо ба он хотир рад кардам, ки шунида будам, ки Расули акрам (с) чунин ният доранд ва хомўш истодам, то ки сирри Пайёмбар (с)-ро ифшо накунам. Агар Расули акрам (с) нияташро амалї намекарданд, дар он сурат пешнињоди туро, эй Умар (р), ќабул мекардам.[63]

 

 

62. Марди муртад (аз дин баргашта)

Баъд аз љангњои хунин, ѓалаба насиби мусулмонон шуд ва онњо ба шањри Тустар – яке аз шањрњои сарзамини Форс дохил шуданд. Ваќте ки хабари фатњро ба Умар (р), ки дар Мадина ќарор дошт, расониданд, пурсон шуд:

- Дар он шањр ягон навигарї мушоњида кардед?

Хабаррасонњо гуфтанд:

- Оре, марди мусулмоне аз ислом рўй гардонида, муртад шуд.

Умар (р) пурсид:

- Пас, ба ў чї аксуламал кардед?

Гуфтанд:

- Куштемаш.

Умар (р) ба ѓазаб омада, гуфт:

- Чаро ўро дар хонае њабс накардед, то чанд рўз нигоњаш доред ва таомаш дода, аз ў талаб мекардед, ки тавба кунад, агар тавба намекард дар он сурат ќатлаш мекардед.

Баъди гуфтани ин суханон ба даргоњи Худо мунољот ва зориву тавалло намуда, гуфт:

-Худоё ман он љо њозир набудам ва амре њам содир накардаам ва замоне, ки хабардор шудам розї њам нашудам.[64]

 



Поделиться:


Последнее изменение этой страницы: 2016-04-26; просмотров: 305; Нарушение авторского права страницы; Мы поможем в написании вашей работы!

infopedia.su Все материалы представленные на сайте исключительно с целью ознакомления читателями и не преследуют коммерческих целей или нарушение авторских прав. Обратная связь - 18.118.254.94 (0.048 с.)