Биё, ба назди фалон мард меравем 


Мы поможем в написании ваших работ!



ЗНАЕТЕ ЛИ ВЫ?

Биё, ба назди фалон мард меравем



Умар (р) мардеро, ки як муддат дар маљлисњояш њозир мешуд дер боз надида, хавф бурд, ки мабодо ба кори баде гирифтор шуда бошад. Аз ин рў ба Абдурањмон ибни Авф (р) гуфт:

Биё њамроњ ба манзили фалон одам, рафта аз њоли ў бохабар мешавем.

Бо ин маќсад ба хонаи он мард наздик шуданд. Иттифоќан дари хона боз буд. Дар хона он мардро диданд, ки нишастааст ва занаш дар љоме ба ў шароб мерезад. Бо дидани ин манзара, Умар (р) ба Ибни Авф гуфт:

- Акнун сабаби ба назди мо наомаданашро фањмидам.

Ибни Авф (р) дар љавоб гуфт:

- Пас аз куљо медонї, ки дар он зарф чист?

Умар (р) васвасаеро, ки ба дилаш роњ мељуст, аз худ дур карда, гуфт:

- Оё ту хавф мебарї, ки гуфтањои ман дар бораи ин мард таљассус шуд?

Ибни Авф бо ќатъият гуфт:

- Гуфтањои ту айни таљассус аст!

Умар (р) гуфт:

- Пас тавбаи он чист?

Ибни Авф (р) љавобаш дод:

-Он чизеро, ки аз њоли он мард дидї, њатто бо ў низ ифшо макун ва дар дилат танњо некиро биандеш. Ин тавбаи ту мегардад.

Баъди ин суханон, аз назди он манзил дур шуданд.[39]

 

 

Умар (р) болои хона мебарояд

Нисфи шаб Умар (р) дар як гўшаи шањри Мадина бо ќадамњои устувор торикиро медарид. Ногоњ аз як хона овози мардеро шунид, ки канда-канда суруд мехонд. Умар (р) худро болои девори он хона гирифта, ба он мард гуфт:

- Эй душмани Худо, гумон дорї, ки ту гуноњ мекунию Худованд туро паноњ медорад?

Он мард посух дод:

- Эй амирулмўъминин, саросема нашав. Агар ман назди Худо як гуноњ карда бошам, ту се гуноњ кардї.

Аввалан таљассус кардї, ки Худованд дар ин бора гуфтааст: «Таљассус макунед»[40].

Сониян болои хонаи ман баромадї, њол он ки Худованд мефармояд: «Ба хонањо аз дарњояш ворид шавед»[41].

Сеюм бе иљозат ворид шудї. Худованд дар ин маврид мегўяд: «Ба ѓайри хонањои худ, бе иљозат ворид нашавед. Баъд аз бо иљозат ворид шудан, ба ањли он хонадон салом гўед»[42]

Умар (р) гуфт:

- Агар туро бахшам, накўиро пеша мекунї?

Мард гуфт:

- Оре

Умар (р) ўро бахшид ва таркаш кард.

 

 

40. Марде, ки занон ба ў нидо мекунанд

Дар зулмати шаб Умар ибни Хаттоб (р) овози занеро шунид, ки аз чодараш баланд мешуд.

 

Майлам ба шароби ноб бошад доим

Бар Наср, писари Њаљљољ бошад доим,

Насре, ки љавони навхату аслнакў

Андар бари ман талош бошад доим.

 

Чун Умар (р) сурудхонии занро шунид, дар ѓазаб шуда, амр кард:

- Наср ибни Њаљљољро ба назди ман биёред. Ман бо марде, ки занон ба номи ў садо медињанд, дар як макон зиста наметавонам. Ваќте ки ўро оварданд, Умар (р) мўи сарашро тарошид. Баъди тарошидани сари Наср, рухсорањои зебояш мисли ду пораи бадр ба назар намоёнтар шуданд. Умар (р) ба Наср амр кард, ки амомаашро ба гарданаш андозад. Баъд аз ин ба ў гуфт:

- Ту дар кишваре, ки ман зиндагонї дорам, сокин намешавї ва ўро ба Басра фиристод. Он зане, ки сабабгори ихрољи Наср гардид, аз оќибати кори худаш тарсида, роњи макру њиларо пеша кард ва чунин гуфт:

 

Ба имоме, ки аз хашмаш њаметарсам, њамеларзам,

Бигў, коре ба хамру Насри Њаљљољам набуду нест.

Ва-з он шарбат, ки мегуфтам, шароб њаргиз муродам нест,

Шаробам гоњ ширасту гање аз шарбати меваи сољ (ё заранд).

Амирулмўъминин инро шунида, ба он зан мењрубонона гуфт:

- Ба ман гуфтанд, ки ту накўкорї ва ман он мардро ба гуноњи ту хориљ накардам, вале бо ман хабар расид, ки он мард ба назди занњо рафту омад доштааст, ман бошам ба занњо эмин нестам[43].

 

 

42. Дар назди Худо чї љавоб медињї?

Марде бо тамоми овоз фарёд мекард: Эй амирулмўъминин, ба додам бирас ва ќасоси маро аз фалон ситамгар, ки дар њаќќи ман зулмро раво дидааст, биситон.

Умар (р) бо дурраи дар дасташ буда ба сари он мард зада, ба ў гуфт:

- Умарро даъват мекунед ва ў барои шумо пешнињод карда шудааст, ва њар ваќто ки ман ба коре аз корњои мусулмононњо банд бошам, маро мушавваш сохта «ба додам рас - ба додам рас» гўён меоед.

Мард аз ин рафтори Умар (р) ба ќањр омада, аз назди ў норозї бозгашт. Баъди чанде Умар (р) амр кард, ки он мардро ба наздам њозир гардонед. Дере нагузашта, мардро њозир гардониданд. Умар (р) дурраашро ба дасти ў дода, чунин гуфт:

- Аз ман ќасосатро биситон!

Мард гуфт:

- Онро аз барои Худо ва хотири ту тарк мекунам.

Умар(р) гуфт:

- Ин тавр намешавад. Ќасосатро ё ба хотири Худо тарк мекунї ва подошатро медињад ва ё ба хотири ман тарк месозї ва ман аз ту миннатдор мешавам.

Мард гуфт:

- Дар ин сурат онро ба хотири ризои Худо тарк мекунам.

Умар (р) гуфт:

- Акнун бирав.

Умар (р) баъд аз ин њодиса ба хонааш рафт ва чун ба манзилаш ворид шуд, ба намозхонї шурўъ кард. Ду ракаат намоз хонда, болои љойнамоз нишаста, худ ба худ чунин гуфт:

- Эй Ибни Хаттоб, ту хору залил будї, Худованд ќадратро баланд кард, гумроњ будї, њидоятат кард, баъд аз он туро бар болои мусулмонон маъмур гардонд. Пас, марде назди ту додхоњї омад, вале ту ўро задї. Фардо рўзи ќиёмат ба Парвардигорат чї љавоб медињї?

Ањнаф (р), ки миёни дигарон он љо њузур дошт, мегўяд:

- Умар (р) худашро ба њадде сарзаниш кард, ки гумон кардем, ки ў бењтарин шахс аз ањли замин аст.[44]

 

 

43. Мактуб аз Умар (р) ба рўди Нил

Дар моњи Бауна, ки яке аз моњњои солшумории ќибтї ба шумор мерафт, ањли Миср ба назди Амр ибни Ос (р) омада гуфтанд:

- Эй амир, мо анъанае дорем, ки њамасола онро барои рўди Нил иљро менамоем.

Амр ибни Ос (р) гуфт:

- Он чї гуна анъана будааст?

Гуфтанд:

- Њар сол, ваќте ки дувоздањ шаб аз моњи Бауна сипарї мешавад, мо як канизаки бокираро интихоб карда, падару бобои ўро розї месозем. Баъд аз он канизакро бо либосњо ва зару зевари ќиматбањо оро дода, ба дарёи Нил мепартоем, то ки он розї шуда, беист љорї шавад.

Бо шунидани ин суханон, дар чењраи Амр ибни Ос (р) нишонаи хашму ѓазаб ва ранљиш намоён шуд ва гуфт:

- Ин гуна корњо дар ислом нест ва ислом он чизњоеро, ки ќабл аз он буд, бекор мегардонад.

Аз байн моњњои Бауна, Абиб ва Масрї сипарї шуданд, вале оби дарёи Нил љорї намешуд. Мардуми дањшатзада, ба тараддуди муњољират афтоданд.

Амр ибни Ос (р) ба Умар (р) мактуб навишта, њодисаро ба ў арз кард. Умар (р) номаи љавобї ирсол карда, дар он чунин нигошт:

- Дар њаќиќат дуруст гуфтаї, Ислом он чизро, ки ќабл аз он буд, бекор мегардонад. Ман ба ту вараќеро мефиристам. Њар ваќто, ки он ба ту расид, онро ба руди Нил афкан.

Ваќте ки мактуби Умар (р) ба Амр ибни Ос (р) расид, вараќро кушода дид, ки дар он чунин навишта шудааст:

- Аз бандаи Худо, Умар – амирулмўъминин ба Нили ањли Миср ва баъд: Агар аз худии худ љорї шавї пас љорї нашав, аммо агар туро Худованди ягонаи ѓолиб љорї гардонида бошад, пас аз Худованди ягонаи ѓолиб хоњиш дорем, ки дубора љараёнат бахшад.

Амр ибни Ос (р) тибќи дастури Умар (р) як рўз пеш аз Явмуссалиб мактубро ба рўди Нил афканд, дар њоле, ки аксари мардум азми њиљрат доштанд. Субњи охирин рўзи туѓёни рўди Нил, ки бо номи «Явмуссалиб» ёд мешавад, мардум аз хоб бархостанд ва диданд, ки оби Нил љорї шуда ва 16 зироъ васеъ шудааст[45]. Баъд аз ин њодиса он одати бади ањли Миср ќатъ гашт.

 

 

Умар (р) амири Мисрро ба ёрї даъват намуд

Абрњо аз осмон нопадид шуданд. Замин обњои кўлу чашмасоронро даркашид. Љазираи арабро хушксолї муњосира карда буд. Шањри Мадинаро фаќр гиребонгир шуда, гуруснагї кўдакони ширхор ва пирони кўњансолро шиканља медод.

Амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) ба Амр ибни Ос (р), ки сарварии умури мусулмонони Мисрро ба ўњда дошт, нома навишта, чунин нигошт:

- Аз бандаи Худо Умар амири мўъминон ба Амр ибни Ос (р) дуруд, аммо баъд: ќасам ба њаётам, эй Амр, оё вубол нест, ки ту ва њамроњонат сер бошию ман ва њамроњонам аз гуруснагї њалок шавем. Ба фарёдамон рас, ба фарёдамон рас!

Амр ибни Ос (р) номаро гирифта, дар изтироб афтод ва то ваќте, ки корвони хўрокро ба самти љазираи араб равона накард, даст ба таом набурд. Баъд аз он ба Умар (р) мактуби љавобї навишт:

- Ба бандаи Худо Умар – амири мўъминон аз Амр ибни Ос, аммо баъд: ба хидматат омодаам, ба хидматат омодаам, љониби шумо корвонеро фиристондам, ки аввалаш дар назди шумо буда, охираш назди ман аст. Дуруду рањмат ва баракати Худо бар шумо.[46]

 

 

Умар ва Усома (р)

Лашкари мусулмонон зери фармодењии Усома (р) аз хандаќи Мадинаи мунаввара нагузашта буд, ки шахсе хабари вафоти Расули акрам (с)-ро расонид.

Лашкар бо шунидани ин хабари мудњиш аз рафтан боз истод. Усома (р) ба Умар (р) рўй оварда, гуфт:

- Ба назди халифаи Расули Худо баргашта, аз ў иљозати баргаштани лашкарро бипурс, зеро ман аз таќдири халифаи Расули Худо ва оилањои лашкариён дар ташвишам, мабодо мушрикони Мадина аз вазъияти баамаломада сўистифода карда, ба муслмонон њамла кунанд.

Ансориёни дар лашкар буда, ба Умар (р) гуфтанд, ки мо нияти бозгаштан надорем. Танњо ту ба Абўбакр (р) пайѓоми моро расонида, аз ў хоњиш кун, ки ба љои Усома (р) ба мо сарлашкари калонсолтареро фиристад (Усома яке аз љавонтарин сарлашкарњо буд). Умар мувофиќи дастури Усома (р), ба Мадина, назди Абўбакр (р) баргашта, пайѓоми Усомаро ба ў расонид. Абўбакр (р) дар љавоб гуфт:

- Агар маро сагону гургон пора пора созанд њам, фармони Расули Худоро дигаргун намекунам.

Баъдан Умар талаби ансориёнро ба Абўбакр (р) арз намуд. Бо шунидани ин хабар Абўбакр (р) аз љояш љањида бархост ва мисли шер ба Умар (р) њамла карда, аз риши ў гирифт ва бонг зад:

- Кош, модарат пайдоят намекард, эй Ибни Хаттоб! Усомаро Расули Худо сарлашкар интихоб кард, ту бошї, маро амр мекунї, ки ўро барканор кунам!?

Умар (р) хиљолатзада баргашт. Ваќте ки ба лашкар расид, ансориён ба ў гуфтанд:

- Натиљаи кор чї шуд?

Умар (р) гуфт:

- Нолаатонро модаратон кунад, аз наздам дур шавед. Ба хотири шумо дар назди халифаи Расули Худо хиљолатзада шудам[47].

 

 

46 Суроќа ва тољи Кисро

Суроќа ибни Молик зирењашро пушида, шамшерашро њамоил кард ва ба аспаш савор шуд. Ў дар љустуљўи Паёмбари Худо (с) масофаи зиёдеро тай кард. Дар давоми ин љустуљўйњо, ў мўъљизањои Расули акрамро мушоњида намуд. Ин њама ба ў асар кард ва бо Паёмбари Худо (с) вохўрда чунин гуфт:

- Ќасам ба Худо, эй Муњаммад, ман медонам, ки дини ту дар олам зуњур мекунад ва оламгир мешавад. Аз ин хотир, бо ман ањду паймон бикун, ки њаргоњ ман ба мулки ту омадам, моро икром мекунї. Суроќа инро гуфта хоњиш кард, ки ин гуфтањои ўро расман китобат кунанд.

Паёмбари Худо (с) дар љавоб фармуданд:

- Эй Суроќа, оё пўшидани сару либоси шоњонаи Кисро ба ту хуш меояд?!

Баъди чанде Суроќа мусулмон шуда, ба Мадина кўч баст. Рўзњо паси њам мегузаштанд. Мусулмонон дар набарди Ќодисия бар лашкари Кисро ѓолиб омаданд ва ѓаниматњои мулки ўро ба Мадина ирсол карданд. Миёни он њама молу ашё тољи шоњї ва либосњои зарбофту нуќракўби Кисро, шамшери заркўб ва ду тавќи заррин, ки чашм мисли он љавоњири зеборо надида буд, ба ѓанимат бурда шуд.

Умар (р) бонг зад:

- Суроќа ибни Молик куљост?

Дере нагузашта Суроќа ба назди Умар (р) њозир шуд. Умар (р) сару либоси ќиматбањои Кисроро ба ў пўшонида, тољи шоњиро ба сараш гузошт ва шамшерро ба китфаш овехт. Суроќа мутакаббирона ќадам мезад ва оби дидагонаш рўяшро мешўст ва ба такрор мегуфт:

- Рост гуфтанд Расули Худо (с), рост гуфтанд.

Умар ин манзараро дида, рўяшро љониби осмон карда, гуфт:

- Худоё, ба тањќиќ ту ин молро ба Расулат надодї, ў бешак, дар наздат нисбат ба ман мањбубтару мукаррамтар аст. Ба Абўбакр(р) низ надодї. Ў низ дар наздат аз ман дида мењрубону мукаррамтар аст. Вале он сарватро ба ман ато кардї. Худоё, ман паноњ талаб мекунам аз ту, ки мабодо он сарват боиси ба фитна гирифтор шудани ман шавад[48].

 

 

47. Илњоми Умар (р)

Рўзи љумъа буд. Овози Умар (р) баланд садо медод. Ў ба мардум ваъз гуфта, эшонро насињат мекард. Дар њамин маврид Умар (р) якбора бо овози баланд чунин гуфт:

- Эй Сория ибни Зунайм, ба кўњ, эй Сория ибни Зунайм ба кўњ? Њар ки гургро чўпони рамаи гўсфандон кунад, ситамгар аст…

Ин сухан се бор такрор шуд. Мардуми њайратзада, худ ба худ мегуфтанд. Умарро ба Сория, ки дар ин маљлис њузур надорад, чї кор бошад?

Баъди чанде, Умар ибни Хаттоб (р) аз минбар фуруд омад. Мардум дар гирди ў њалќа зада, асли воќеаро мепурсиданд. Пас ў ба онњо њодисаро шарњ дода, чунин гуфт:

- Дар дилам гузашт, ки мушрикон бародарони моро шикаст медињанд ва онњо ба сўи кўњ мераванд. Агар ба кўњ паноњ баранд, аз љониби дигар мавриди њамла ќарор мегиранд ва агар аз кўњ гузаранд, њалок мешаванд. Аз ин хотир, ман онњоро машварат додам, ки ба кўњ пуштнокї такя кунанд ва ба душман рў ба рў шаванд.

Баъди як моњ аз назди мусулмонон марде, муждаи фирўзї расонида, гуфт:

- Мо дар аснои њарб њоли табоњ доштем. Ногоњ овозеро аз ѓайб шунидем, ки се маротиба гуфт:

- Эй Сория ба кўњ. Мо ин нидоро шунида, пушт ба кўњ такя кардем ва ба душман њамла намудем. Баъди чанде Худованд душманро шикаст дод[49].

 

 

48. Њамаи шумо бињиштї њастед, ба љуз марде

Рўзе Умар (р) бо асњоби киром нишаста сўњбат мекард. Дар рафти сўњбаташ гуфт:

- Агар аз осмон мунодие нидо мекард, ки эй мардум, њамаи шумо дохили љаннат мешавед, ба љуз як нафаре аз шумо, метарсидам, ки мабодо њамон нафар ман бошам. Ва агар мунодие нидо мекард, ки эй мардум њамаи шумо дохили дўзах мешавед, ба љуз марде аз шумо, ман умед мекардам, ки њамон як мард ман бошам[50].

Аз каромоти Умар (р)

Муддати чанд борон набориду киштањо бењосил шуданд хушксолї њоли мардумро ба танг овард ва ба чорво низ бе таъсир намонд. Пистони чорвои ширдењ ба баданаш часпид. Умар (р) њамроњи мардум ба сањро рафта, ду ракаат намоз гузориданд. Баъд аз ин, ў ду љониби ридояшро барчида ба ду љониби камарбандаш халонд ва кафи дуо кушода, бо дидањои ашкрез рўи ниёз ба Худои бениёз оварда, чунин гуфт:

-Худовандо, гуноњњои моро бубахш ва моро аз борони пурфайзат бонасиб гардон!

Ин дуоро гуфта, њанўз аз он макон дур нашуда буд, ки борон борид.

Баъд аз чанде гурўње аз бодиянишинон ба назди Умар (р) омада, ба ў гуфтанд, ки эй амирулмўъминин, мо фалон рўз ба фалон ваќт дар биёбон, дар манзиламон будем, абри сиёњ болои сари моро зулмонї гардонд ва аз он овози «Ба ту ёрї расид, эй Абўњафс, ба ту ёрї расид, эй Абўњафс»-ро шунидем. (Абуњафс кунияи Умар (р) буд.[51])

 

 



Поделиться:


Последнее изменение этой страницы: 2016-04-26; просмотров: 365; Нарушение авторского права страницы; Мы поможем в написании вашей работы!

infopedia.su Все материалы представленные на сайте исключительно с целью ознакомления читателями и не преследуют коммерческих целей или нарушение авторских прав. Обратная связь - 3.94.102.228 (0.051 с.)