Умар (р) зарфи обро мебардорад 


Мы поможем в написании ваших работ!



ЗНАЕТЕ ЛИ ВЫ?

Умар (р) зарфи обро мебардорад



Умар (р) нисфи шаб хоби ширинашро тарк намуд ва берун аз хонаи худ гашт, то аз ањволи раияташ хабар бигирад. Дар роњ занеро дид, ки дар пушти худ зарфи обро бардошта ва дар торикии шаб бо пойњои луч равон аст. Умар (р) дар њол аз ањволи ў пурсон шуд. Зан чунин гуфт:

- Ман соњиби фарзандони зиёдам ва маро хидматгоре нест. Аз ин хотир шаб мебароям, то ин ки барои онњо оби нўшокї барам. Рўзона аз хона берун омаданро намеписандам, зеро ба нигоњубини фарзандон машѓулам. Умар (р) њоли ин занро пай бурда, аз дасти ў зарфи обро гирифт ва то хонааш бурда расонид. Баъд аз бурда расонидани об, Умар (р) ба ў гуфт:

- Фардо сањарї назди Умар биё, то ў барои ту ёрдамчию хидматгоре бидињад. Он зан дар посух гуфт:

- Ман ўро аз куљо меёбам? Кї маро ба назди ў мемонад? Ман куљову Умар куљо?

Умар (р) гуфт:

- Ту сањарї биё, иншоаллоњ ўро хоњї ёфт.

Фардо он зан чун ба ќароргоњи халифа расид, нохост Умар (р)-ро диду шинохт ва фањмид, ки шахси дирўз зарфи обашро то хона бурдагї, амиралмўъминин Умар будааст. Аз ин кораш дар хиљолат шуд ва пушт гардонида гурехт. Пас, Умар (р) амр кард, то барои он зан хидматгору ёрдамчиеро њамроњ бо кўмакпулї аз пасаш равон карданд.[17]

 

15. Туро на гўш мекунам на итоат

Ба амирулмўъминин Умар (р) либосњои нави зиёде фиристода шуд. Ў дарњол онњоро миёни мардум таќсим намуд. Ба њар марде аз он либосњо яктогї расид. Баъд аз таќсимот Умар (р) ба минбар баромад ва дар танаш ду пироњан буд. Ў рўй ба мардум оварда, чунин гуфт:

- Эй мардум, гўш кунед, ки чї мегўям.

Салмон (р) гуфт:

- Туро на гўш мекунему на итоат.

Умар (р) дар тааљљуб монд ва пурсид:

- Барои чї, эй Салмон?

Салмон гуфт:

-Ту худат миёни мо либос таќсим намудї. Чаро ба њар яки мо як пироњанї додї ва барои худат ду пироњан гирифтї?

Умар (р) гуфт:

- Эй Салмон саросема нашав, сабр кун. Сипас, фарёд зад:

- Эй Абдуллоњи писари Умар (р). Абдуллоњ - писараш дар љавоб гуфт:

- Бале, эй амиралмўъминин.

Умар (р) гуфт:

- Туро ба Худованд савганд медињам, ки оё либосеро, ки ман пушидаам, ин либоси ту нест? Абдуллоњ гуфт:

- Ба Худо ќасам, ки ин либоси ман аст.

Пас аз шунидани ин суханон Салмон (р) гуфт:

- Акнун, эй амирулмўъминин, туро њам гўш мекунем ва њам итоат.[18]

Оё таом пас аз таом

Дар миёни мардум овозае пањн гардида буд, ки гўё Язид ибни Абўсуфён (р), дар як ваќт таомњои гуногун мехўрад. Ин овоза ба тамоми Мадина пањн гашт ва ба гўши Умар (р) низ расид. Умар (р) ба њамсояи ў, ки номаш Ярфаъ буд гуфт:

- Њар ваќто донистї, ки хўроки шоми Язид (р)-ро омода кардаанд, маро огоњ намо.

Чун хўроки шомро њозир намуданд, Ярфаъ дарњол Умар (р)-ро огоњ намуд. Умар (р) худро зуд ба хонаи Язид расонида, ба ў салом дод ва иљозати дохил шудан хост. Язид (р) иљозат дод. Умар (р) дохил гардид ва ба суфраи таом наздик шуд. Он бегоњ шўрбои сергўшт оварданд. Умар (р) њамроњи соњибхона аз он шўрбо тановул кард. Пас аз хўрдани он таом, ба суфра гўшти гўсфанди тануриро оварданд. Язид, дарњол дасташро дароз кард то аз он бихурад, вале Умар (р) дасти ўро боздошта, сарзанишкунон чунин гуфт:

- Аз Худо битарс, эй Язид ибни Абўсуфён!

Оё хўрок пас аз хўрок?

Савганд ба номи Худое, ки љони Умар ба дасти ўст, агар аз суннати Расул мухолифат менамоед, мардум низ шуморо мухолифат меварзанд.[19]

 

17. Зане, ки аз шавњараш дур аст

Субњгоњон Умар (р) дар кўчањои Мадина равон буд ва эњсос менамуд, ки оромї дар њама шањр њукмфармост. Ва дар ин оромие, ки тамоми шањрро фаро гирифта буд, овози занеро шунид, ки суруд мехонд ва эњсосоти худро дар он изњор мекард.

Шаб дарозу дер боз н-омад рўз.

Шудам пазмони он ёри дилафрўз,

Набудї тарси Њаќ гар бар вуљудам,

Њамељунбид кати хобам шабу рўз.

Суруди зан виљдони Умар (р)-ро ором нагузошт. Пас, ба назди хонаи он зан омада, иљозати даромадан хост ва чунин гуфт:

- Туро чї шудааст, эй зан?

Зан посух дод:

- Чанд моњ аст, ки шавњарамро аз ман дур кардаї ва ман муштоќи дидори ўям. Умар (р) бо ќањр гуфт:

- Оё ќасди кори баде дорї?

Зан гуфт:

- На, савганд ба Худо.

Умар (р) гуфт:

- Худро ба даст гир, ман ба ў нома мефиристам. Пас, ба шавњари он зан нома фиристода, ўро бозпас хонд. Сипас, ба назди духтараш Њафса (р) даромада, чунин гуфт:

- Ман мехоњам аз ту масъалаеро бипурсам, ки маро ба ташвиш овардааст.

Баъд каме ором гардид ва пурсид:

- Дар чї ќадар ваќт зан шавњарашро пазмон мегардад.

Ин њангом сари уммулмўъмин Њафса (р) аз њаё хам гардид. Умар (р) дубора ба ў рўй овард, то ки шармро аз духтараш дур намояд ва чунин гуфт:

- Худованд аз њаќ намешармад.

Чунин суханони падар низ Њафсаро аз њаё бознадошт ва натавонист љавоб гўяд, вале чун падар исрор намуд, бо ангуштони худ шумораи 3-ро ишора намуд, ки ифодагари се ё чањор моњ буд. Баъд аз ин Умар (р) ба њар манотиќе, ки зери фармонаш буд, нома фиристод ва дастур дод, ки сарбозонро аз се моњ зиёд дар љабњањо манъ нанамоянд[20].

 

Зан дарёфт ва Умар (р) хато кард

Умар ибни Хаттоб (р), бо мадњу ситоиши Парвардигор, ба минбар баромад. Ў бо лутфу мењрубонї ба љамъомадагон рўй оварда, чунин гуфт:

- Дар мањр (ќалинг) додан ба занон зиёдаравї накунед. Агар кадоме аз шумо аз мањре, ки Расули акрам (с) дода буданд, барои хонадоршавиашон ва ё мањре, ки ба духтарони эшон оварда буданд (яъне домодњояш), бештар мањр дињед, афзунии онро мусодира карда, ба байтулмол мефиристам.

Баъди гуфтани ин суханон Умар (р) аз минбар поён омад. Ин лањза зане аз занони Ќурайш ба наздаш омада, гуфт:

- Эй Амирулмўъминин, оё китоби Худоро пайравї кардан афзалтар аст ё сухани шуморо?

Умар (р) дар љавоб гуфт:

- Албатта, пайравї аз китоби Худо афзалтар аст. Мурод аз ин суолатон чист?

Зан гуфт:

- Чанд лањза пеш шумо мардумро аз зиёдаравї њангоми додани мањри занон боздоштед, аммо Худованд дар китобаш - Ќуръони карим мегўяд.

Сухани Худо:

÷bÎ)ur ãN›?Šu‘r& tA#y‰ö7ÏGó™$# 8l÷ry— šc%x6¨B 8l÷ry— óOçF÷s?#uäur £`ßg1y‰÷nÎ) #Y‘$sÜZÏ% Ÿxsù (#rä‹è{ù's? çm÷ZÏB $º«ø‹x© 4 ¼çmtRrä‹äzù's?r& $YY»tGôgç/ $VJøOÎ)ur $YYÎ6•B ÇËÉÈ

Ва агар бихоњед, ки занеро ба љойи зане табдил кунед ва яке аз эшонро ќинторе (моли бисёр) дода бошед, пас бозмагиред аз он мол чизеро. Оё мегиред онро ба ситам ва тааддии ошкор аст.

(Сураи Нисо, ояти 20).

Умар (р) бо шунидани ин ояти Худо гуфт:

- Њар яки шумо аз Умар фаќењтар аст.

Баъди ин ба минбар баланд шуда гуфт:

- Ман шуморо аз зиёдаравї дар додани мањри занон манъ карда будам. Акнун, ки масъала равшан шуд, њар кадоми шумо мувофиќи шароиту имконоти молии худ амал кунед[21].

19. Њароина, аз ту шайтон метарсад, эй Умар (р)

Паёмбар (с) ба ѓазвае берун гардид. Њангоме, ки аз он пирўз ва комёб баргашт, ба наздаш як канизаки сиёњпўсте омад ва чунин гуфт:

- Эй Паёмбари Худо (с) ба худ назр намудам, ки агар шуморо Худованд саломат биёрад ва ба назди мо бозгардонад, ман дар назди шумо дойра зада суруд мехонам. Расули акрам (с) гуфтанд:

- Агар чунин назр намуда бошї, пас дойраатро бизан, варна иљозатат намедодам. Канизак дарњол дойраашро гирифт ва ба задани он шурўъ намуд.

Дар ин миён Алї (р) ба назди Пайёмбар (с) дохил гардид ва он канизак дойра мезад. Сипас Усмон (р) дохил гардид дар њоле, ки ў идома медод, вале чун Умар (р) ворид шуд, канизак зуд дойраашро ба замин партофта, аз њайбати Умар (р) дар болои он нишаст. Расули акрам (с) чун ин вазъро мушоњида намуданд, чунин гуфтанд:

- Эй Умар, њароина шайтон аз ту метарсад.

 

20. Умар (р) бо шайтон ќувва меозмояд

Абдуллоњ ибни Масъуд оромона нишаста буд ва дар атрофи ў сањобагон ва тобеин давра зада буданд. Абдуллоњ ибни Масъуд ба онњо бархе аз достонњои нодирро ќисса намуда, чунин гуфт:

- Марде аз асњоби Расули акрам (с) ду шайтонро дар яке аз тангкўчањои шањри Мадина рў ба рў омад. Яке аз шайтонњо сањобаро ба гуштингирї даъват намуд. Баъди чанд лањзаи часпу талош сањоба ѓолиб омад.

Љин гуфт:

- Бигзор маро. Сањоба ўро рањо кард. Сипас љини дуввумї гуфт:

- Оё мехоњї бо ман гуштин бигирї. Сањоба бо љини дуввумї њам дар набард шуд, то он ки ўро маѓлуб намуд ва ба болои синааш нишасту гуфт:

- Мебинам, ки дастонат ба монанди дастони саг ё љин аст. Он љин гуфт:

- Савганд ба Худо, ки ман аз онњоям (яъне љинам).

Сањоба гуфт:

- Ман туро ором намегузорам, то нагўї, ки кадом амал аст, ки моро аз шумо дур нигоњ медорад?

Он љин гуфт:

- Хондани ояталкурсї.

Марде аз нишастагон ба Абдуллоњ ибни Масъуд гуфт:

- Он мард кист?

Абдуллоњ ибни Масъуд гуфт:

- Ѓайр аз Умар (р), кї њам метавонист бошад?.[22]

 

Авф ибни Малик рост гуфт

Амирулмўъминин Умар (р) чун ситораи тобнок нишаста буд ва дар атрофи ў мусулмонон давра зада, сирати баъзе аз сањобањоро васф мекарданд. Баъзе аз њозирин Умар (р)-ро ситоиш намуда, чунин гуфтанд:

- Савганд ба Худо, мо мисли ту мардеро, ки ростгўву росткор бошад, надидаем. Баъд аз Паёмбари Худо (с) ту бењтарини мардум њастї. Чунин суханон Авф ибни Маликро, ки дар миёни он њалќа нишаста буд, ба хашм овард ва осори хашм дар рўи Авф (р) мушоњида гардид. Ногоњ Авф (р) фарёд баровард:

- Савганд ба Худо, ки дурўѓ гуфтед. Њаќќо, ки пас аз Паёмбари Худо (с) бењтар аз Умарро дидаем.

Умар (р) гуфт:

- Дар њаќиќат, Авф (р) рост гуфт ва шумо дурўѓ гуфтед. Савганд ба Худо, ки Абўбакр (р) бењтар аз буйи мушк буд. Ман бошам дар муќоиса бо ў камтар аз уштури хонаам њастам[23].

 

 

22. То мардум сер нашаванд, равѓанро намеошомам

Њамсари Умар (р) ба 60 дирњам равѓан харид. Ваќте Умар (р) пурсид, ки ин чист? Хонумаш посух дод, ки равѓан аст ва онро аз моли худам харидаам, на аз пули ту. Умар (р) ба хонумаш гуфт:

- То мардум сер нашаванд, ман њаргиз равѓан намехурам.

 

 



Поделиться:


Последнее изменение этой страницы: 2016-04-26; просмотров: 257; Нарушение авторского права страницы; Мы поможем в написании вашей работы!

infopedia.su Все материалы представленные на сайте исключительно с целью ознакомления читателями и не преследуют коммерческих целей или нарушение авторских прав. Обратная связь - 3.138.122.195 (0.018 с.)