Умар (р) миёни сахтгирї ва нармрафторї 


Мы поможем в написании ваших работ!



ЗНАЕТЕ ЛИ ВЫ?

Умар (р) миёни сахтгирї ва нармрафторї



Чанд нафар аз мусулмонон дар њузури Абдуррањмон ибни Авф (р) – сањобаи бузург, гуфтанд, ки Умар (р) бо мо чунон сахтгирона сухан гуфт, ки мо аз тарс ба ў нигоњ карда натавонистем.

Абдуррањамон ибни Авф (р) бо маќсади ислоњ ин хабарро ба њазрати Умар (р) расонид.

Амирулмўъминин бо шунидани ин хабар асабонї шуда, гуфт:

- Оё чунин гуфтанд, ќасам ба Худо, ман бо онњо нарм рафтор кардам ва аз Худо тарсидам, ки мабодо бо ин корам мавриди ѓазаби Худо ќарор гирам. Аз ин рў онњоро сахтгирї кардам, њатто ки дар ин сахтрафториам аз Худо тарсидам. Ќасам ба Худо, тарси ман аз Худо нисбат ба тарси онњо аз ман бештар аст. Пас роњи наљот аз ин бунбаст кадом аст?

Инро гуфта њазрати Умар (р) гирён шуд, њатто ки аз шиддати гиря лабонаш париданд ва синааш пасту баланд шудан гирифт.

Абдуррањмон ибни Авф (р) ин њолро дида, гуфт:

- Вой бар онњо, баъди сари ту њолашон чї мешавад!?[65]

 

 

64. Ѓазаби Форуќ

Уяйна ибни Њусайн ба шањри Мадина мењмон шуд ва дар манзили бародарзодааш Њур ибни Ќайс ибни Њусайн фурўд омад. Ў аз љумлаи ашхосе буд, ки ба Умар (р) ќаробати хешу таборї дошт. Аз ин хотир, Уяйна ба Њур ибни Ќайс мурољиат карда, гуфт:

- Ту, ки бо амиралмўъминин ќаробат дорї, маро ба назди ў бар. Баъди оне, ки Умар (р) ба ќабули мењмон иљозат дод, Уяйна њамроњи Њур ибни Ќайс ба назди Умар (р) ворид шуданд. Уяйна дохил шудан замон, ба њазрати Умар (р) гуфт:

- Эй Ибни Хаттоб, ба мо ѓайр аз дуруштї чизе ато накардї ва миёни мо одилона њукм нарондї.

Вулќони ѓазаб дар синаи Умар (р) љўш зад ва хост, ки аз Уяйна барои чунин бењурматї ќасос гирад, вале Њур ибни Ќайс ба миён даромада, гуфт:

Эй Амиралмўъминин, Худованд ба Расулаш гуфтааст: «Бахшоишро пеша кун, бифармо, ки некукорї кунанд ва аз љоњилон рў гардон [66]».

Ва ин Уяйна ба тањќиќ яке аз љоњилон аст.

Њур ибни Ќайс мегўяд:

- Ваќте ки ман ин оятро ба Умар (р) хондам, ў бо диќќат гўш кард ва аз нияташ бозистод, зеро ў дар мавриди сухани Худо бенињоят итоаткор буд.

 

 

65. Умар (р) дар сањифањои Таврот

Ваќти чошт Амирулмўъминин аз назди усќуфи насроние гузар кард. Он усќуф китоб мехонд. Умар (р) ба ў хитоб карда, гуфт:

- Оё дар бораи мо дар китобњоятон ягон маълумоте ёфтаед.

Усќуф гуфт:

- Оре, сифот ва амалњои шуморо ёфтем, вале номњоятонро наёфтем.

Умар (р) гуфт:

- Сифоти маро чигуна дарёфтї?

Усќуф гуфт:

- Пораи оњан.

Умар (р) гуфт:

-Пораи оњан, яъне чї?

Дар љавоби Умар (р) Усќуф посух дод:

- Амири шадид.

Умар (р) ќаноатманд гуфт:

- Худо бузург аст ва њамду сано бод Худоро[67].

 

 

66. Њайбати Умар (р)

Ибни Аббос (р) гуфт:

- Як соли дароз мехостам, ки ба Умар (р) бо саволе доир ба Ќуръони маљид мурољиат кунам, вале аз њайбати Умар (р) љуръат намекардам. Боре њазрати Умар (р) паи коре аз шањр берун шуд ва ман низ њамроњаш рафтам. Ваќти бозгашт аз ў људо нашудам ва дар фурсати муносиб аз ў пурсидам:

- Эй амиралмўъминин, он ду нафар њамсар аз миёни азвољи мутањњарот… он ду нафаре, ки эътироз карданд, кї буданд.

Њазрати Умар (р) гуфт:

- Он ду нафар Оиша (р) ва Њафса (р) мебошанд.

Ибни Аббос (р) гуфт:

- Баъд аз гирифтани посух, ба њазрати Умар (р) гуфтам, ки ин суолро як сол инљониб аз шумо пурсиданї будам, вале аз њайбати шумо љуръат намекардам[68].

67. Умар (р) хунбањо медињад

Ба гўши амиралмўъминин Умар (р) хабари зане, ки шавњараш сафар карда буд, расид. Дар бораи он зан чунин мегуфтанд, ки бо мардони бегона гап мезанад. Ин хабар ќањри Умар (р)-ро овард. Аз ин рў амр кард, ки занро ба наздаш фаро хонанд. Зан дархости њазрати Умар (р)-ро шунида чунин гуфт, ки маро бо Умар (р) чї кор.

Баъд аз ин он зан ба назди њазрати Умар (р) рањсипор шуд. Дар нимароњ аз тарс ўро дарди кўдак гирифт.

Пас ба хонае даромада таваллуд кард. Он тифл аз рањми модар људо шуда, фарёде баровард ва љон дод.

Умар (р) аз ин њодиса хабардор шуд ва худро дар марги кўдак гунањгор дониста, бо асњоби киром машварат орост. Баъзе аз онњо ба њазрати Умар (р) гуфтанд, ки ту волї њастї ва вазифаи ту танбењ додан аст. Дар марги тифл гуноње надорї. Вале њазрати Алї (р) хомўширо ихтиёр карда буд. Умар (р) ба ў наздик шуда пурсид:

- Ту чї мефармої?

Њазрати Алї (р) гуфт:

- Агар асњоб раъйи худашонро гуфта бошанд, пас, хато кардаанд ва агар ба љонибдории ту гуфта бошанд, пас ба фоидаи ту нагуфтаанд. Ман чунин мењисобам, ки мувофиќи ќонуни шаръ дияти (хунбањо) он тифл дар гардани ту њаст, зеро ту он занро ташвиш додї ва тифлашро њангоми ба назди ту омадан партофтааст.

Пас, њазрати Умар (р) дияти он тифлро пардохт ва ба Алї (р) фармуд, ки он маблаѓро ба муњтољони Ќурайш таќсим кунад[69].

 

68. Зарбае дар роњи Худо

Мардум гирдогирди амиралмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) љамъ омада буданд, то ки ба онњо мол ато кунад. Издињом ба њадде буд, ки љои сўзан задан ёфт намешуд.

Умар (р) миёни мардум ќарор гирифта, машѓули таќсимот буд. Ў сар бардошт ва ногоњ нигоњаш ба марде афтод, ки њалќаи одамонро пора карда љониби Умар (р) њаракат мекард ва дар чењраи он мард асари зарбаи теѓ, ки пўсти рўяшро чок карда буд, баръало дида мешуд. Умар (р) аз он мард, ки аллакай ба наздаш омада буд сабаб пурсид. Он мард гуфт, ки ин љароњатро дар яке аз набардњо бардоштааст.

Умар (р) сухани мардро шунида амр кард, ки ба ў њазор дирњам ато кунед. Ба мард зуд њазор дирњам пардохтанд. Чанд лањза баъд Умар (р) боз такрор кард:

- Ба ин мард боз њазор дирњам бипардозед!

Њамин тавр ин амрро чањор маротиба такрор кард.

Мард аз зиёдии моли ба ў атошуда шарм кард ва худро ќафо кашида аз миёни издињом берун шуд.

Умар (р) сабаби берун шудани мардро пурсид. Ба он њазрат посух доданд, ки аз зиёдии маблаѓ шармид ва рафт.

Умар (р) гуфт:

- Ќасам ба Худо, агар он мард меистод, тамоми молу дирњамњои боќимондаро ба ў, ки дар роњи Худо аз рўяш захм бардоштааст, нисор мекардам[70].

 

 

69. Шавњарам њалок шуд

Њазрати Умар (р) паи њољате ба бозор рафт. Дар роњ ба ў зани љавоне, ки зоњиран дармонда буд, мурољиат кард ва бо шарм гуфт:

- Эй амиралмўъминин, шавњарам њалок шуд ва аз худ фарзандони хурдсол боќї гузошт. Ќасам ба Худо, ки барои он кўдакон на зироате дораму на чорпои ширдењ… Метарсам, ки кўдаконам талаф мешаванд. Ман духтари Хуфоф ибни Имои Ѓифорї њастам. Падарам дар Њудайбия њамроњи Расули акрам (с) буд.

Умар занро бо диќќат гўш кард ва бо ў рўй оварда, гуфт:

- Хуш омадї! Хуш омадї бо насаби наздик.

Баъд аз ин њазрати Умар (р) ба хонааш рафта, уштуреро ки дар он љо баста буд, гирифт ва ба он ду љуволи пур аз анвои хўрданиро бор кард. Дар миёни он ду љувол либос ва нафаќаи кўдаконро гузошта, аз нухтаи уштур гирифта ба дасти бевазан дода, чунин гуфт:

- Бигир инро. Ин молњо ба охир нарасида Худованд ба шумо аз ин бештарашро ато мекунад.

Марде, ки шоњиди ин атои њазрати Умар (р) буд, ба ў чунин гуфт:

- Эй амиралмўъминин, ба ин зан моли аз њад зиёд ато кардї.

Умар (р) гуфт:

- Модарат нолаатро кунад. Ќасам ба Худо, ки ман падару бародари ин занро дида будам, ки як ваќтњо ќалъаеро муњосира карда буданд… Баъди фатњи ќалъа пагоњирўзї мо сањми иштирокчиёнро баробар таќсим кардем[71].

Аббос (р) дар асорат

Рўзи љанги Бадр яке аз ансориён амаки Расули акрам (с) Аббосро, ки он замон ба ислом мушарраф нашуда буд, асир гирифт ва нияти куштанашро дошт.

Расули акрам (с) гуфтанд:

- Ман аз фикри амакам шаб мижа тањ накардам ва гумон кардам, ки ансориён ўро аллакай куштаанд.

Умар (р) гуфт:

- Оё, ба наздашон равам?

Расули акрам (с) гуфтанд:

- Оре.

Умар (р) зуд ба назди ансориён рафта ба онњо гуфт:

- Аббосро ба ман ирсол кунед.

Ансориён гуфтанд:

- Њаргиз, ќасам ба Худо, ки ба ту намедињамаш.

Умар (р) гуфт:

- Ба хотири Расули акрам (с) низ.

Ансориён гуфтанд:

- Агар ба хотири Расули акрам бошад медињем. Ўро бигир.

Њазрати Умар (р) Аббосро аз онњо гирифт ва дар роњ ба ў гуфт:

- Эй Аббос исломро бипазир. Ќасам ба Худо, ки ман дар мусулмон шудани ту аз мусулмон шудани Хаттоб (падари њазрати Умар (р)) бештар шавќмандам. Ба он хотир, ки Расули акрам (с) муштоќи мусулмон шудани ту аст.[72]

 

 

71. Умар (р) таѓояшро мекушад

Рўзе, ваќти чошт, њазрати Умар (р) дар сояи деворе нишаста буд, ки аз наздаш Суайд ибни Ос (р) рўяшро ба тарафи дигар гардонида, мисли одами ранљидагї, гузашт.

Умар (р) ба ў гуфт:

- Ба фикрам аз ман ранљидаї, гўё падаратро дар љанги Бадр ман кушта бошам. Агар рафту падаратро дар он љанг мекуштам, њаргиз барои он аз ту узр њам намехостам. Вале он рўз ман таѓоям Ос ибни Њишом ибни Муѓираро, ки дар сафи мушрикони Макка буд, ба ќатл расонидам. Воќеан, њангоми муњориба аз назди падарат гузар кардам.

Ў дар дами марг ќарор дошт ва мисли гове, ки бо шохњояш заминро мешикофад, аз сахтии љон кандан, бо панљањояш регро парешон мекард. Ўро ба њолаш гузоштам. Дар њамин њол писари амакат ба наздаш омада ўро кушт[73].

 

72. Умар (р) ѓуломро посбонї мекунад

Синон ибни Саламаи Њазалї боре њамроњи писарбачањо дар Мадина, барои чидани хурмоњои афтода, баромаданд. Синон он замон ѓулом буд.

Дар аснои чидану ба халтањояшон љой кардани хурмо, ногањон, њазрати Умар (р)-ро диданд, ки љониби онњо меомад. Он писарбачањо саросема дур шуданд, аммо Синон аз љояш наљунбид ва омадани Умар (р)-ро интизор истод. Ваќте ки њазрати Умар (р) наздик омад, Синон ба ў гуфт:

- Эй амирулмўъминин, ин хурмоњоеанд, ки шамол афтондааст.

Умар (р) гуфт:

- Халтаатро ба ман нишон дењ, то хурмоњои љамъовардаатро бинам.

Баъди аз назар гузаронидани хурмоњои Синон Умар (р) аз рўи таљриба фањмид, ки хурмоњоро дар њаќиќат шамол афтонидааст ва ба Синон рўй оварда, гуфт:

- Рост гуфтї.

Синон ба њазрати Умар (р) гуфт:

- Эй амиралмўъминин, писарбачањоро мебинї.

Умар (р) ба љониби писарбачањо нигариста, гуфт:

- Оре, мебинам.

Синон гуфт:

- Ќасам ба Худо, агар маро танњо гузошта равї, онњо ба ман њамла карда, хурмоњоямро ѓорат мекунанд.

Умар (р) ин суханонро шунида, писарбачаро бо эњтиром то љои бехавф њамроњї кард[74].

 

 

73. Ѓуломи амин

Дар яке аз сафарњояш Умар ибни Хаттоб (р) аз назди ѓуломе гузашт, ки рамаи гўсфандонро нигоњбонї мекард.

Умар (р) ба он ѓулом гуфт:

-Эй ѓулом, ба мо гўсфандеро бифурўш.

Ѓулом гуфт:

-Ин гўсфандон моли ман нестанд, онњо ба хољаи ман тааллуќ доранд.

Умар (р) озмоишкорона гуфт:

-Ба хољаат бигў, ки онро гург хўрдааст.

Ѓулом дар љавоб гуфт:

- Ба хољаам, ку мегўям, ки гўсфандро гург хурд, вале рўзи ќиёмат ба Худо чї мегўям?

Умар (р) аз ин љавоби ѓулом гирён шуд. Пас, ба назди хољаи ў рафта ўро харид ва аз ѓуломї озодаш кард.

Баъд аз озод кардан, ба он мард гуфт:

- Њамин сухан туро дар дунё озод кард, умед дорам, ки Худо хоњад, дар охират низ аз оташи дўзах озодат мекунад[75].

 

 

Хоби Умар (р)

Муъовия ибни Худайљ ба Мадина назди њазрати Умар (р) омад,то ки ба Умар (р) муждаи фатњи Искандарияро расонад. Муъовия Умар (р)-ро ваќте дарёфт, ки ў як пањлў дароз кашида истироњат мекард.

Муъовия Умар (р)-ро дида, гуфт:

- Амиралмўъминин хобидааст.

Умар (р), ки пинак рафта буд, ин суханро шунида, зуд аз љояш бархост ва гуфт:

-Эй Муъовия чї гуфтї?

Муъовия гуфт:

- Гуфтам, ки амиралмўъминин хуфтааст.

Њазрати Умар (р) гуфт:

- Чї гумони баде кардї. Агар рўзона мехуфтам дар њаќиќат раиятро гум мекардам ва агар шаб мехобидам худамро аз даст медодам. Бо ин ду бори гарон ман куљою хоб куљо? [76]

 

75. Кўдаки ширмак ва чањор зан

Ба назди њазрати Умар (р) зани миёнсоле, ки тахминан чил сола буд, омад. Аз чењраи зан нишонаи виќор ва як андоза ѓаму андўњ ба чашм мерасид. Чашмони рахшонаш тарсу њарос доштанд. Зан издињоми мардумро рахна карда, ба Умар (р) наздик омад ва бо садои дурушту гирифта ба гўши Умар (р) арзашро мегуфт.

Ў аз љумла гуфт:

-Ман тифли ширхореро ёфтам, ки дар наздаш халтае бо сад динор низ мављуд буд. Ман он тифли маъсумро гирифтам ва ба он маблаѓ барояш зани ширдењеро киро кардам, то ки тифл талаф нашавад. Баъд аз чанд муддат ба хонаи ман чањор зан омада, даъвои модарї карданд. Ман њайронам, ки кадом яке аз он чањор зан модари њаќќонии тифл аст.

Умар (р) ин воќеаро шунида ба зан гуфт:

-Њар ваќте, ки он занњо ба наздат биёянд, маро огоњ бисоз.

Зан ба манзилаш бозгашт ва рўзе, ки он чањор зан ба наздаш омаданд, кас фиристонида, њазрати Умар (р)-ро огоњ кард.

Умар (р) зуд ба манзили зан њозир шуд ва ба он занони даъвогар наздик шуда, чунин гуфт:

-Кадоме аз шумоён модари тифл њастед?

Яке аз он чањор зан хомўширо халалдор карда, чунин гуфт:

-Ќасам ба Худо, ки кори хуб накардї, эй Умар (р)! Ба назди зане, ки Худо мастураш гардонидааст, меої ва мехоњї шармсораш бисозї!.

Умар (р) аз ин суханон њаё карда, гуфт:

-Рост гуфтї.

Баъд ба зане, ки тифлро нигоњубин мекард, рўй оварда, афзуд:

-Агар бори дигар ба наздат биёянд аз онњо чизе напурс ва ба онњо муомилаи наку бинмо. Умар (р) инро гуфта аз манзили зан хориљ шуд[77].

 

 

76. Амири зоњид

Умайр ибни Саъд дар минтаќаи Њимс* як сол истиќомат намуд, вале ба амирулмўъминин Умар (р) дар ин муддат ягон дирњам ва ё диноре аз пули хирољ нафиристод. Шакку шубња ба дили Умар (р) роњ ёфт ва хаёлоти гуногун дар сараш чарх мезад. Аз ин рў ба Умайр (р) нома навишт ва дар нома чунин нигошт:

-Њар ваќте ки мактуби маро гирифтї, хирољи аз мусулмонон љамъовардаро бо худ бигир ва зуд ба наздам биё!

Умайр (р) мактубро хонда, онро дар пеши бараш пинњон кард ва халтаеро гирифта, дар он тушаи роњ, коса ва зарфи тањоратро гузошт. Баъд аз ин найзаашро ба даст гирифт ва пиёда ба сўи Мадина рањсипор шуд. Умайр бо њамин минвол дар назди амирулмўъминин Умар (р) бо ранги парида, љисми лоѓар ва мўйњои парешон, ки аз мушкилоти сафар дарак медод, њозир шуд.

Умар (р) ањволи риќќатбори Умайр (р)-ро дида, ба дањшат омад ва аз ў пурсид:

- Ба ту чї шуд?

Умайр (р) дар љавоб гуфт:

- Њељ воќеъае нашудааст. Оё намебинї, ки ман сињату саломат омадам. Њамроњам боигарии тамоми дунё њаст, ки онро аз шохаш банд карда, мекашам. Аз ин суханони Умайр (р) њазрати Умар (р) гумон кард, ки њамроњаш молу матоъ овардааст. Аз ин рў пурсид:

-Бо худ чї овардї?

Умайр (р) дар љавоб гуфт:

-Њамроњам борхалтае дорам, ки дар он косаи калоне њаст. Ман дар он коса хўрок мехурам ва дар мавриди зарурат сару либосамро мешўям. Инчунин зарфи дигаре барои об нўшї ва вузўъ гирифтан дорам.

Ин бошад найзаи манн аст, ки њангоми роњ рафтан ба он такя мекунам ва њангоми бо душман рў ба рў омадан найза силоњи ман аст.Ќасам ба Худо, ки тамоми дунё тобеи ин дороии ман аст.

Умар (р) ўро бо диќќат гуш кард. Сипас, пурсид:

- Оё пиёда омадї?

Гуфт:

- Оре.

Умар (р) боз пурсид:

- Оё ягон нафаре ёфт нашуд, ки маркабашро аз рўи љавонмардї, ба ту бахшад, то ки савора ба сафар барої?

Умайр (р) гуфт:

- Не, касе ёфт нашуд ва ман низ дархост накардам.

Умар (р) гуфт:

- Ашхосе, ки аз наздашон омадї, одамони хуб набудаанд.

Умайр (р) дар љавоб гуфт:

- Эй Умар (р), аз Худо битарс. Худованд туро аз ѓайбат кардан нањй кардааст (боздоштааст). Умар (р) ќаноатмандона гуфт:

- Моле, ки барои байтулмол овардї куљост?

Умайр (р) гуфт:

- Ман чизе наовардаам.

Умар (р) гуфт:

- Барои чї?

Умайр (р) гуфт:

- Ваќте ки маро ба вазифаи волии он минтаќа таин кардї, ман ашхоси одили он маконро љамъ карда, љамъоварии хирољро ба онњо вогузор кардам. Баъди љамъоварї маблаѓро ба ашхоси эњтиёљманд таќсим кардам. Агар аз он маблаѓ чизе боќї монад ман ба байтулмол њатман мефиристам.

Умар (р) ин суханонро шунида ба котибаш гуфт:

-Барои Умайр (р) ањдномаи нав бинавис (яъне, ўро дубора ба вазифааш таин кардан хост).

Умайр (р) инро шунида, гуфт:

-Афсус, ин корест, ки ман хоњиши дар ин вазифа кор карданро надорам ва на дар даврони амирии ту ва на баъд аз ту, њаргиз ба он вазифа розї намешавам.

Инро гуфта, Умайр (р) аз Умар (р) иљозат хост, то ки ба хонааш биравад. Хонаи ў дар канори шањри Мадина воќеъ буд.

Баъд аз рафтани Умайр (р) њазрати Умар (р) хост, ки ўро санљад. Бо ин маќсад Њорис ном мардро даъват карда, ба ў супориш дод, ки ба манзили Умайр (р) мењмон шав ва аз ањволи зиндагониаш хабар бигир. Агар зиндагии осоишта дошта бошад ба назди ман баргард, варна ба Умайр (р) ин сад динорро бидењ. Инро гуфта Умар (р) њамёни пулро, ки дар он сад динор мављуд буд, ба Њорис дод.

Њорис паи иљрои супориши Амирулмўъминин се шаб пай дар пай мењмони Умайр (р) шуд. Умайр (р) мењмонро хуш пазируфт ва њар шаб ба назди ў як нони љавин мегузошт. Ба љуз нони љавин дигар чизе њам надошт.

Дар рўзи сеюм Умайр (р) ба Њорис гуфт:

-Ростї, ту моро гурусна гузоштї. Агар нияти љойи дигар мењмон шудан дошта бошї пас, ниятатро амалї бигардон.

Њорис дар ин се рўз фањмид, ки чї гуна зиндагии Умайр (р) сахту бенавоёна аст, аз ин рў бо шунидани суханони Умайр (р) дигар таъхир накард ва сад динори Умар (р) додаро бароварда, ба назди соњибхона гузошт.

Умайр (р) њамёнро дида бо тааљљуб пурсид, ки ин чист?

Њорис гуфт:

- Ин пулњоро ба ту Амирулмўъминин фиристод.

Умайр (р) гуфт:

- Пулњоро ба ў баргардон ва аз ман дуъою саломаш расонида, бигў, ки ман ба ин пулњо эњтиёљ надорам.

Дар ин лањза овози њамсари Умайр (р), ки дар њамон наздикињо ба кори худ машѓул буд ва суханони мењмонро мешунид, баланд шуд:

- Бигир ин пулњоро, эй Умайр (р). Агар ба он эњтиёљ афтад, сарфаш мекунї. Агар не, пас дар гирду атроф эњтиёљмандон зиёданд. Ба онњо таќсим менамої.

Ваќте ки Њорис суханони занро шунид тангањоро дубора ба баѓали Умайр (р) њаво дода, зуд аз хона баромад.

Умайр (р) тангањоро ба њамёнчањои хурд таќсим карда, пагоњии њамон рўз онњоро ба њољатмандон таќсим кард. Ба фарзандони шањидшудагон таваљљўњи хосса мекард.

Њорис ба назди Умар (р) баргашт. Амирулмўъминин ўро дида, пурсид:

- Ањволи Умайр (р)-ро чигуна дарёфтї?

Њорис гуфт:

- Ањволи нињоят вазнин.

Умар (р) боз пурсид:

- Оё ба ў динорњоро додї?

Њорис гуфт:

- Оре, эй Амирулмўъминин.

Умар (р) пурсид:

- Бо он пулњо чї кор кард?

Њорис гуфт:

- Чї карданашро намедонам, вале фикр мекнам, ки аз он пулњо барои худаш ягон дирњамро њам намемонад.

Умар (р) ба ташвиш омада, зуд ба Умайр ибни Саъд нома навишта, дар он бо исрор талаб кард, ки агар номаи ман ба дастат расад, онро аз даст нагузошта, зуд ба наздам њозир шав.

Умайр (р) мактубро гирифта, хонд ва ба њузури Умар (р) омад. Умар (р) аз дидани ў хурсанд шуд ва ўро ба иззату икроми хосса хайра маќдам гуфт ва дар наздаш нишонд.

Баъд аз ин Умайр (р)-ро пурсид, ки бо пулњо чї кор кардї?

Умайр (р) дар љавоб гуфт:

- Њар чї мехостам кардам. Сабаби пурсиданат чист?

Умар (р) бо илтифот гуфт:

- Аз ту хоњиш мекунам, ки аз кори кардаат маро огоњ соз.

Умайр ибни Саъд гуфт:

- Онро ба худам барои рўзе захира кардам, ки дар он рўз молу фарзандон манфиате надоранд.

Бо шунидани ин суханон њазрати Умар (р) гирён шуда, гуфт:

- Худо ба ту рањм кунад.

Баъд аз ин Умар (р) амр кард, то ки ба Умайр (р) як миќдор маводи ѓизої ва ду либос ато кунанд. Вале Умайр (р) гуфт:

- Дар мавриди маводи ѓизої њаминро бояд бигўям, ки ман ба он ињтиёљ надорам, эй Амирулмўъминин, зеро ду соъ (ченаки вазн тахмин баробари 3кг) љав дорам, то онро мехўрем, ки Худованд боз ризќамонро мерасонад. Вале куртањоро барои модари фалонї-(яъне зављааш) мегирам, чунки куртааш тамоман кор намеояд, ќариб урён шудааст. Аз ин њодиса чанде нагузашта, Умайр ибни Саъд (р) дунёи фониро падруд гуфт. Умар (р) аз марги ў бисёр ѓамгин шуд. Дили бузургашро ѓаму андўњ азият медод ва ў мегуфт:

- Мехоњам, ки бо ман мисли Умайр ибни Саъд (р) њамроњон бошанд ва дар хидмати мусулмонон ба ман кўмак расонанд[78].

77. Ибни Умар (р) ва хурдани гўшт

Умар ибни Хаттоб (р) ба назди писараш Абдуллоњ даромада, дар назди ў пораи гуштро дида аз ў пурсид:

-Ин гўшт барои чї?

Абдуллоњ гуфт:

-Дилам майли хўрдани гўшт кард, аз ин рў онро муњайё кардам.

Умар (р) инро шунида, дилтанг шуд ва гуфт:

-Њарваќто дилат ба ягон чиз майл кунад онро мехўрї?!

Барои мард аз исрофкорї њамин кифоя аст, ки њар чї дилаш хост бихўрад[79].

78. Абумўсо (р) ва марди шаробхор

Аз дур ба чашми Умар (р) саворе намоён шуд. Умар (р) гуфт:

-Ба гумонам, ў ба талаби мо омадааст. Мард ба Умар (р) наздик шуд. Ў тез-тез ќадам мезад ва бо алам гиря мекард.

Умар (р) ин њолати мардро дида, аз ў пурсид:

-Ба ту чї шуд? Агар ќарздор бошї, кўмакат мекунем ва агар хатаре тањдидат кунад, амонат медињем ва агар њамсоягии ќавме туро писанд набошад, ба љои дигар мекўчонемат. Мард, ки аз шунидани ин суханони дилљўёна ба худ омада буд, гуфт:

-Ман яке аз мардони ќабилаи Тамим мебошам. Гуноњи ман њамин аст, ки шароб нўшидам ва Абумусо барои ин гуноњам маро њадди шаръї зад. Баъд аз он рўямро сиёњ карда, маро миёни мардум давр дода, шармандаам кард. Инчунин ба мардум амр кард, ки бо ман њамнишин нашаванд ва њамроњи ман таом нахўранд. Ман ба ин љазо тоб наоварда дар назди худ се шарт гузоштам. Ё шамшере гирифта, Абумусоро ба ќатл мерасонам, ё ки ту,эй Умар (р) маро ба минтаќаи Шом мекучонї,зеро маро он љо касе намешиносад ва ё ба љониби душманон мегузарам ва њамроњи онњо мехўраму менўшам.

Умар (р) мардро бо диќќат то ба охир гўш карда, сипас, ба ў гуфт:

-Кори кардаи ту ба ман писанд наомад. Ман низ дар давраи љоњилият (ќабл аз ислом) ба ин кор даст зада будам. Ин суханонро гуфта, ба Абумусо мактуб навишт:

-Агар ту ба наздам баргардї њатман рўятро сиёњї молида, миёни мардум даврат медињам. Агар фикри маро оид ба кори ин мард донистан хоњї пас, ба мардум амр намо, то ки бо ин мард њамнишин бошанд ва бо ў якљо хўрок хўранд. Агар аз гуноњи кардааш тавба карда, калимаи шањодатро ба забон биёрад, шањодати ўро ќабул намоед.

Баъд аз навиштани нома, ба мард асперо бахшид ва боз дусад динор таќдимаш кард, сипас, ўро гуселонид[80].

 

79. Духтари ширфурўш

Нимашаб, ваќте ки Умар ибни Хаттоб (р) дар кўчањои Мадина гашту гузор мекард ва аз ањволи мардум хабар мегирифт, ногоњ овози шахсеро шунид. Умар (р) зуд ба девор такя намуда,ба овоз мутаваљљењ шуд ва овози занеро баръало фарќ кард, ки ба духтараш мегуфт:

-Духтаракам рафта ба шир об андоз.

Духтар ба модараш дар љавоб гуфт:

-Модарљон ман шунидам, ки амирулмўъминин Умар (р) аз ин кор мардумро нањй (манъ) кардааст. Модар ба фарзандаш бо исрор гуфт:

- Зуд рафта ба шир об андоз, бешубња, Умар (р) моро намебинад.

Духтар бошад аз раъяш нагашта, ба модараш мегуфт:

- Модарљон, агар Умар (р) моро набинад њам, Худои Умар, бешубња, моро мебинад.

Ин љавоби духтари ботаќво ба њазрати Умар (р) писанд омад. Аз ин рў ба ѓуломаш Аслам, ки ўро њамроњї мекард гуфт:

- Эй Аслам, ин дарвоза ва ин мавзеъро дар хотир бигир.

Инро гуфта, ба роњи худ идома доданд.

Пагоњирўзї Умар (р) гуфт:

- Эй Аслам, ба он мавзеъ бирав ва кї будани он занро аниќ бикун. Инчунин муайян намо, ки марди он хонадон кист.

Дере нагузашта, Аслам хабар овард, ки он духтар бокира аст ва модараш зани бешавњар мебошад.

Њазрати Умар (р) ин хабарро шунид ва амр намуд, ки писаронашро ба наздаш њозир намоянд. Баъди чанде фарзандонаш њозир шуданд ва Умар (р) ба онњо нигариста чунин гуфт:

- Оё ягон каси шумо ба њамсар эњтиёљ надорад, ки љуфти муносибе пайдо кардаам. Агар худам майлу раѓбат медоштам ба шумо имкон намедодам, вале синну соли ман имкон намедињад.

Абдуллоњ- фарзанди калонии њазрати Умар (р) гуфт:

- Ман њамсар дорам

Абдуррањмон-писари миёна гуфт:

- Ман низ њамсар дорам

Осим писари хурдї гуфт:

Эй падар ман њамсар надорам. Маро хонадор бикун.

Умар (р) хушнуд шуд ва ба хонаи он зан барои хостгории духтари ботаќвояш хостгор фиристод. Дере нагузашта Осим духтарро ба занї гирифт ва аз ў соњиби духтарчаи гулрўе шуд. Ин тифли маъсум дар оянда модари

Умар ибни Абдулазиз (рањматуллоњи алайњ) одилтарин малики бани Марвон гардид, ки ўро дар адолат шабењи хулафои рошидин низ ном бурдаанд[81].

 

80. Сањми Абдуллоњ ибни Умар (р)

Умар ибни Хаттоб (р) бо гурўње аз сањобагон дар яке аз кўчањои Мадина мерафтанд, ки ногоњ чашмашон ба духтарчаи хурдсоле афтод. Духтарча либоси дарида ва мўйњои парешону гардолуд дошт ва аз заъфу бемадорї базўр афтону хезон роњ мерафт.

Умар (р) њоли ўро дида, бо таассуф гуфт:

- Во дареѓо, кадоми шумо ин духтарро мешиносед?

Абдуллоњ ибни Умар (р), ки дар пањлўи падараш меистод, дар љавоб изњор дошт; ки эй амирулмўъминин, оё ўро намешиносї?

Умар (р) гуфт:

- Не, намешиносам, кист ў?

- Абдуллоњ (р) гуфт:

- Ў яке аз духтарони шумо аст.

Умар (р) бо тааљљуб пурсид:

- Чї гуна духтари ман аст.

Абдуллоњ (р) љавоб дод, ки ин духтар фарзанди ман аст (яъне набераи њазрати Умар (р)).

Умар (р) ба ѓазаб омада, гуфт:

- Вой бар ту! Чї сабаб шуд, ки фарзандат ба ин њол гирифтор аст?

Абдуллоњ дар љавоб гуфт:

- Надодани шумо аз моле, ки дар наздатон аст (муродаш Байтулмол буд).

Умар (р) бо исрор гуфт:

- Оё надодани ман аз моле, ки дар наздам њаст туро аз дарёфтани маблаѓе, ки шахсони тавоно барои фарзандонашон муњайё месозанд, боз медорад. Ќасам ба Худо, ки сањми ту дар назди ман баробари сањми њамаи мусулмонњост, агарчанде,ки он маблаѓ барои таъмини афроди хонаводаат барзиёд ва ё нокофї бошад… Ба ин гуфта миёни ману шумо китоби Худо (Ќуръон) гувоњ аст[82].

 

 

81. Муњорибаи љиср (купрук)

Таблњои љангї наъра заданд. Шамшерњо оњанги маргро навохтанд. Дар он рўз мусулмонон дар назди купрук шикаст хурданд. Шумораи зиёде аз онњо љоми шањодатро чашида, баъзењо фирор карданд. Миёни гурехтагон Муъоз, ќории Ќуръон, низ буд. Баъдан, Муъоз (р) њар ваќто ин ояти Ќуръониро мехонд, беихтиёр гиряи талх мекард.

Сухани Худо:

`tBur öNÎgÏj9uqム7‹Í´tBöqtƒ ÿ¼çntç/ߊ žwÎ) $]ùÌhystGãB @A$tGÉ)Ïj9 ÷rr& #¸”ÉiystGãB 4†n<Î) 7pt¤Ïù ô‰s)sù uä!$t/ 5=ŸÒtóÎ/ šÆÏiB «!$# çm1urù'tBur ãN¨Yygy_ (š[ø©Î/ur 玍ÅÁpRùQ$# ÇÊÏÈ

«Онњое, ки дар ин рўз ба кофирон пушти худро нишон медињанд, ба ѓазаби Худо гирифтор хоњанд шуд, ба љуз онњое, ки барои идомаи љанг аќиб менишинанд ё барои њамроњ шудан бо размандагон, ќафо мегарданд. Љои тарсуњо љањаннам аст, ки хеле љои бад аст».

(Сураи Анфол, ояти 16)

Дар њамин њолат Муъозро Умар ибни Хаттоб дида, ба ў гуфт:

-Эй Муъоз, гиря накун, ба тањќиќ ман аз гурўњи ту њастам ва ту ба назди ман паноњ љустї.

Баъд аз ором шудани Муъоз (р) Умар ибни Хаттоб (р) ба ў чунин гуфт:

- Оё ба сўи Шом хоњиши рафтан дорї? Мусулмонон ба фатњи Шом рафтаанд. Душман он љо истодагарї мекунад. Шояд ту ба корнамоињоят гуноњи фироратро бишўї.

Муъоз (р) дар љавоб гуфт:

-На, њаргиз. Ман фаќат ба он сарзамине меравам, ки аз он љо фирор кардаам ва ба сўи душмане меравам, ки маро ба фирор кунї водор кард.

Баъди чанде Муъоз (р) ба Ќодисия рањсипор шуд ва дар он љо кушта шуд. Рањмати Худо бар ту бод, эй Муъози ќорї[83].

 

 

82. Оё рўзи ќиёмат гуноњи маро мебардорї?

Офтоб майл ба уфуќи маѓриб мекард. Дере нагузашта шаб мењмони Мадина шуд. Умар (р) хобро аз худ гурезонида, барои хабардор шудан аз ањволи раият, аз манзил берун баромад.

Умар (р) дар торикии шаб босуръат пеш мерафт, ки ногоњ овози гиряи љигарсузи тифлон ба гўшаш расид. Умар (р) ба самти овоз њаракат карда, ба манзиле расид, ки дар дохили он зане нишаста буд. Дар атрофи зан кўдаконаш њалќа зада доду фарёд мекарданд. Дуртар аз онњо, деге пур аз об, болои оташ мељўшид. Умар (р) аз дар вориди хона шуда, ба зан гуфт:

- Эй бандаи Худо,сабаби гиряи тифлон чист?!

Зан гуфт:

- Аз гуруснагї мегирянд.

Умар (р) ба деги болои оташ нигариста, пурсид:

- Дар ин дег чї дорї?

Зан гуфт:

- Дегро пур аз об кардам, то ки кўдаконро то хобашон бурдан ба он машѓул созам. Онњоро бовар кунондам, ки дар дег хўрданї њаст.

Бо шунидани њаќиќати њол, Умар (р) талх гирист, њатто ки овози гиряааш шунида нашуд. Пас, ба дорус- садаќа* омада, љуволеро гирифт ва дар он як миќдор орд, равѓан ва гўшту хурморо љой карда барои тифлон сару либос низ гирифт. Баъд аз ин ба Аслам, ки ўро њамроњї мекард, рўй оварда, гуфт:

- Эй Аслам, ба ман кўмак намо, то ки љуволи пурро ба китфам гузорам.

Аслам дар љавоб гуфт:

- Эй амиралмўъминин, љуволро ман мебардорам.

Умар (р) бо овози баланд ба Аслам хитоб кард:

- Эй Аслам, оё рўзи ќиёмат гуноњи маро ба љои ман ту мебардорї?.

Инро гуфта, Умар (р) љуволро пушт кард ва ба манзили он зан рањсипор шуд. Дар манзили зан Умар (р) дегро гирифта, ба он як каме орд, пораи гўшт ва хурмо андохта онњоро ба њам омехт. Сипас, дегро болои оташи нимсўз гузошта, барои баланд кардани шўълаи оташ хам шуда, оташро пуф мекард. Њатто ки дуд аз миёни ришаш берун меомад ва сару рўяшро фаро мегирифт. Ба њамин минвол хўрокро пухт ва ба дасташ кўдаконро то сер шуданашон таъом дод. Баъд аз ин, аз хона баромад ва дар баробари кўдакон монанди шер бо салобату устувор рост истод. Дере нагузашта, кўдакон ба хандаю бозї шурўъ карданд.

Умар (р) инро дида, ба Аслам гуфт:

- Эй Аслам, оё фањмидї, ки чаро дар баробари кўдакон таваќќуф кардам.

Аслам гуфт:

- Не, нафањмидам.

Умар (р) гуфт:

- Онњоро дар аввал дидам, ки гиря мекарданд ва маро хуш намеомад, ки тифлонро дар чунин њол гузорам. Ваќте ки хандаашонро дидам, рўњам шод гашт[84].

Ман зулм кардам

Абўбакр (р) аз лаби доманаш дошта, бо суръат ба манзили Расули акрам (с) омад. Ўро ташвише азоб медод аз ин рў њатто намоён шудани зонуњояшро эњсос намекард. Абўбакр (р) ба Расули акрам (с) салом дод ва баъд аз ањволпурсї, гуфт:

- Миёни ман ва ибни Хаттоб гапе гузашт. Ман ба ў дуруштї кардам ва аз ин амалам пушаймон шуда, аз ў узр хостам. Вале Умар (р) узри маро напазируфт. Ман маљбур шудам, ки ба њузури Шумо биёям. Расули акрам (с) суханони Абўбакр (р)-ро гўш кард, сипас се маротиба гуфт:

- Худованд туро биомурзад, эй Абўбакр (р).

Дар ин миён њазрати Умар (р) низ аз напазируфтани узри Абўбакр (р) пушаймон шуда, ба хонаи Абўбакр (р) рафт. Вале Абўбакр (р)-ро дар манзилаш пайдо накарда, љониби манзили Расули акрам (с) рањсипор шуд.

Умар (р) ба назди Расули акрам (с) даромада, салом дод. Дар њамин асно чењрааш дигаргун гардид. Бо изњори таассуф аз Абўбакр (р), ба зону афтода, ду бор гуфт:

- Эй Расули Худо, ќасам ба Худо, ки ман зулм кардам.

Расули Худо ором шуда, гуфт:

- Худованд ба љониби шумо маро фиристод, шумо гуфтед, ки дуруѓ мегўї. Абўбакр (р) бошад гуфт, ки рост мегўї ва љону молашро ба ман бахшид. Оё шумо миёни ману дўстам созиш кардаед![85]

 

 

84. Њамёни динор

Амиралмўъминин Умар (р) аз молњои байтулмол ба ниёзмандон нафаќа таќсим карда, баъд аз он, ба њамёне чањор сад динор андохта ба хидматгораш дод ва ба ў чунин гуфт:

- Ин њамёнро бурда, ба Абуубайда ибни Љарроњ (р) бидењ ва баъд дар манзили ў ягон чизро бањона карда, соате он љо бимон ва бохабар шав, ки он тангањоро чї кор мекунад.

Ходим њамёнро бурда, ба Абу Убайда (р) дод ва ба ў гуфт, ки ин њамёнро Амиралмўъминин ба ту фиристод, то ки бањри рафъи њољати шахсият ин маблаѓро сарф намої.

Абуубайда (р) миннатдор шуда гуфт:

- Худованд нигањбон шавад Умар (р)-ро ва биёмурзадаш.

- Баъд аз ин ходимашро љеѓ зада, ба ў супориш дод, ки ин панљ динорро ба фалонї ва ин панљтоашро ба фалонї бубар. Ба њамин минвол тамоми тангањоро таќсим кард.

Хидматгори Умар (р) инро дида ба назди амиралмўъминин боз гашт ва ўро аз њодиса бохабар кард. Умар (р) ба ходим њамёни дигари пур аз динорро дода, амр кард, ки инашро ба Муъоз ибни Љабал (р) бубар ва дар хонааш андармон шав, то бубинї, ки ў чї кор мекунад.Ходим ба назди Муъоз (р) рафт ва њамёнро ба ў дода гуфт:

- Ин пулњоро ба шумо Амиралмўъминин фиристод, то ки барои ањли байтатон сарф намоед.

Маъоз ибни Љабал (р) хушнуд шуда, гуфт:

- Худованд Умар (р)-ро биёмурзад ва муваффаќаш гардонад.

Баъд аз ин ходимашро љеѓ зад ва ба ў амр кард, ки ин миќдорашро ба фалонї ва инашро ба хонаи фалонї бирасон. Дар ваќти таќсими пулњо њамсари Маъоз (р) расида омад ва ба Маъоз (р) мурољиаткунон гуфт:

- Эй Маъоз, мо низ мискинем ба мо низ чизе бигузор. Маъоз (р) ду динори боќимондаашро ба сўи ў њаво дод. Хидматгори Умар (р) баъди мушоњидаи ин манзара ба назди ў боз гашт ва њодисаро ба Умар (р) бозгў намуд.

Умар (р) ба ходимаш њамёни дигареро дод, ки онро барои Њузайфа (р) омода карда буд. Ходим њамёнро бурда расонид. Њузайфа (р) њамон кореро анљом дод, ки Абуубайда (р) ва Муъоз (р) карда буданд.

Њазрати Умар (р) аз кори кардаи ин се сањобаи бузурги Расули акрам (с) хушнуд гардида гуфт:

- Дар њаќиќат онњо яке барои дигар бародаранд[86].

 

 

85. Тифл дар миёни ќабрњо

Умар (р) њангоми баррасии умури раийят, нигоњаш ба марде афтод, ки фарзандашро ба дўш гирифта буд ва он тифл ба падараш чун як себи ду кафон монандї дошт. Умар (р) ба он падару писар бо диќќат нигариста, гуфт:

- Њаргиз чунин тифли ба падараш монандро пеш аз ин надида будам.

Падари он тифл гуфт:

- Ќасам ба Худо, эй амиралмўъминин, ин тифлро модараш дар ќабр таваллуд кард.

Њазрати Умар (р) бо тааљљуб гуфт:

- Вой бар ту, чї гуна дар ќабр таваллуд кардааст?!

Мард гуфт:

- Ман њамроњи лашкар сафар карда будам ва њамсари њомилаам дар хона танњо монд. Њангоми видоъ ба њамсарам гуфтам, ки тифли дар батнат бударо чун амонат ба Худо месупорам.

Ваќте ки аз сафар баргаштам, хабардор шудам, ки вай вафот кардааст.

- Боре ман њамроњи писари амакам дар назди ќабристони Баќеъ (номи оромгоњ) меистодем, ки ногоњ аз љониби ќабристон рўшноиро дидем. Ман аз писари амакам пурсидам, ки ин чист?

Писари амакам дар љавоб ба ман гуфт:

- Намедонам, ки ин рўшноии чист,вале чанд рўз боз онро мушоњида мекунам ва он аз ќабри њамсари ту берун меояд.

Сипас мо њар ду табаре гирифта ба сари ќабр рафтем ва онро шикофта, тифлеро дидем, ки дар дохили лањад зинда аст. Дар њамин лањза садое аз ѓайб гуфт:

- Эй амонатгузор, амонататро боз пас бигир. Агар модарашро низ њамчун амонат мегузоштї, њароина, ўро зинда меёфтї. Ман тифлро гирифтам ва сурохии ќабр дубора ба њам омад[87].

Войи Умар (р)

Умар (р) бо љисми хастааш болои замини масљид дароз кашид ва ридояшро зери сар гузошт. Лањзае чанд нагузашта, садои имдодталабонае ба гўушаш расид, ки мегуфт:

- Войи Умар (р)! Эй Умар (р)!!

Бо шунидани ин овоз, Умар (р) ба дањшат омада, зуд ба самти овоз рањсипор шуд. Ногоњ араби бодиянишинеро дид, ки аз лаљоми уштураш гирифта, миёни издињоми одамон рост истодааст. Бо намоён шудани Умар (р), мардум ба он марди мусофир гуфтанд, ки амиралмўъминин њамин кас аст.

Умар (р) ба марди мусофир наздик шуда, гумон кард, ки ў мазлум аст, бинобар ин пурсид:

-Кї туро озор дод?

Аммо марди мусофир суруд мехонд ва дар сурудаш аз хушксолї ва камобї шиква мекард ва дар охири њар байт номи амиралмўъмининро њамчун додрас ба забон меовард.

Сипас, Умар (р) дасташро бо шафќат ба сари мусофир гузошта, фарёд зад:

- Эй Умар, эй Умар…Оё медонед, ки ин суханонаш чї маънї доранд?

Ин мард дар сурудаш хушксолиро ёдрас мекунад ва гуфтан мехоњад, ки мусулмонон аз хушксолию тангдастї азият мекашанд, вале Умар (р) аз азоби гуруснагию ташнагї эмин аст.

Инро гуфта, Умар (р) барои наљоти одамон аз хушксолї, ба љониби Яман, ки он мусофир аз њамон љо буд, уштурњои зиёде њамроњи ду марди ансорї фиристод.

Он ду мард вориди сарзамини Яман гардида ба муњтољон кўмакњоро таќсим карданд. Дар охир ба љуз як каф гандум чизи дигаре боќї намонд. Он ду мард нияти бозгашт доштанд, ки ногоњ ба марде дучор гардиданд, ки аз гуруснагї пойњояш бо њам мепечиданд. Бо вуљуди заифї, он мард рост истода намоз мехонд. Ваќте ки он ду марди ансориро дид, намозашро ќатъ карда, саросема ба наздашон омада, гуфт:

- Оё бо худ чизе хўрданї доред?

Он ду марди ансорї ѓизои ба ќадри як каф боќимондаро ба ў доданд ва аз ѓамхорињои Умар (р) огоњаш сохта, дилпураш карданд, ки боз ба онњо Умар (р) ёрї мефиристад.

Он мард бо овози паст, бо мушкилї (аз гуруснагї) гуфт:



Поделиться:


Последнее изменение этой страницы: 2016-04-26; просмотров: 295; Нарушение авторского права страницы; Мы поможем в написании вашей работы!

infopedia.su Все материалы представленные на сайте исключительно с целью ознакомления читателями и не преследуют коммерческих целей или нарушение авторских прав. Обратная связь - 18.224.39.74 (0.264 с.)