Фазилати Усома ибни зайд (р) 


Мы поможем в написании ваших работ!



ЗНАЕТЕ ЛИ ВЫ?

Фазилати Усома ибни зайд (р)



Китоби таърихи башар дар сањифањои худ бар њазорон, балки миллионњо мардон гузар кард, вале барои зикри номи љовидонаи Усома ибни Зайд (р) лањзае таваќќуф намуда, ба ў сањифаи тозае бахшид, ки наќши он то њанўз чашмрасу назаррабо аст.

Умар ибни Хаттоб (р) дар айёми хилофаташ, ба Усома ибни Зайд (р) аз писараш дида, моли бештар људо кард. Писари ў Абудуллоњ ибни Умар (р), аз ин кори падараш тааљљуб намуда, пурсид:

- Эй падар, барои Усома ибни Зайд чањор њазор ва барои ман се њазор маблаѓ мол додї, њол он ки хидматњои падари Усома аз хидматњои падари ман бештар нест ва Усома низ аз ман бештар хидмат накардааст. Умар (р) дар љавоби фарзандаш гуфт:

- Њайњот… Дар њаќиќат падари Усома (р) дар назди Расули Худо (с) нисбат ба падари ту ва Усома (р) нисбат ба ту, мањбубтаранд.

Бо шунидани ин посух Абдуллоњ ибни Умар (р) ба насибааш розї шуд.[32]

 

 

33. Мењрубонї кардї, мењрубонї зоњир карданд

Ваќте ки баъд аз фатњи салтанати Кисро шамшер, камарбанди заррин ва тољи шоњии ўро дар назди Умар (р) оварданд, чунин гуфт:

-Њаќќо, ки ќавмњое инњоро ба соњибони амонат расонданд.

Алї (к.в.), ки дар пањлўи Умар (р) нишаста буд, гуфт:

- Ту худ, ки накўкорї, раиятат накўкорї кардаанд.[33]

 

 

34. Умар (р) сари Ибни Њузофаро мебўсад

Соли 19-уми њиљрї Умар ибни Хаттоб (р) лашкари мусулмононро ба љанги Рум фиристод. Дар лашкар Абдуллоњ ибни Њузофа – сањобаи Расули акрам (с) низ шомил буд ва дар рафти муњориба ба дасти румиён бо иддае аз мусулмонон асир афтод. Абдуллоњро бо дастони занљирбанд ба назди шоњи Рум бурда, ба ў гуфтанд, ки ин мард аз сањобагони Муњаммад (с) аст.

Шоњ аз тахт поён омада, оњиста – оњиста ба Абдуллоњ ибни Њузофа, ки дар мобайни ќаср бо шањомат меистод ва завлонањои дасташ њайбати ўро афзун карда буданд, наздик шуд. Шоњ бо нигоњи тези худ сар то пои асирро аз назар гузаронида, хаёлаш ба мусулмонон, ки дунёи гузароро њаќир медонистанд ва ба лаззату роњати фиребои он пушт гардонида буданд, банд гардид. Шоњ риштаи хаёлашро гусаста, бо тамкин ба Абдуллоњ (р) гуфт:

- Агар насронї шавї, туро дар салтанатам шарик мегардонам. Абдуллоњ (р) дар љавоб гуфт:

- Агар тамоми сарвату давлати дар ихтиёрат бударо њамроњи тамоми дороии арабњо ба ман дода, талаб намої, ки як лањза аз дини Муњаммад (с) баргардам, ќабул намекунам.

Шоњ дар ѓазаб шуда гуфт:

- Пас, мекушамат.

- Абдуллоњ (р) гуфт:

- Ихтиёр дорї.

Шоњ амр кард, ки ўро аз дасту пояш ба ходаи ѓафс баста баланд бардоранд ва камонкашон барои тарсонданаш аз ќарибии дасту пойяш тир андозанд. Камонкашњо аз чапу рости Абдуллоњ (р) борони тир мебориданд. Шоњ бошад ба ў ќабули дини насрониро талќин мекард. Вале ин кор баръакс, имони ўро мустањкамтар кард. Баъд аз ин Шоњ амр кард, ки Абдуллоњро поён фароранд ва дегро омода карда, дар он равѓанро доѓ кунанд. Баъд аз ин, бо амри Шоњ, ду нафар асири мусулмонро њозир карда, яке аз онњоро дар пеши чашми Абдуллоњ (р) ба равѓани доѓ партофтанд. Аз њарорати баланд гўшти бадани он мазлум рехта устхонњояш намоён гардид, вале ин кор аз пешина дида, сарпечии Абдуллоњро афзунтар кард.

Шоњ фармон дод, ки Абдуллоњро низ бурда ба он дег партоянд. Ваќте ки ходимон ўро мебурданд гиря кард ва обњои дидааш рехтанд. Ин хабарро ба Шоњ расониданд. Шоњ гумон кард, ки ў тарсидааст. Аз ин рў, хурсанд шуда, амр кард, ки Абдуллоњро бозгардонед. Ўро ба назди Шоњ њозир карданд. Шоњ дубора ба ў динашро пешнињод кард. Абдуллоњ боз сарпечид. Шоњ бо тааљљуб пурсид:

- Пас сабаби гиряат чист?

Абдуллоњ (р) гуфт:

- Њангоме, ки маро ба дег партофтанї шудед, ба худ гуфтам, ки ин лањза ба дег партофта мешавам ва танњо як љонам аз бадан хориљ мешавад. Вале ман хоњони онам, ки ба миќдори муйњои баданам љонњо дошта бошам ва онњо ба сўи Худо раванд.

Шоњ љавоби мардеро, ки маргро њаќир карда буд, шунида, бо тааљљуб сар љунбонд ва ба ў наздик шуда, пичиррос занон гуфт:

- Агар туро озод кунам, сари маро бўса мекунї?

Абдуллоњ (р) бо хушнудї гуфт:

- Маро ва тамоми мусулмонони асирро озод мекунї?

- Шоњ гуфт:

- Бале, туро ва тамоми асиронро.

Абдуллоњ (р) бо худ гуфт:

- Душмане аз душманони худро мебўсам ва ў дар ивазаш мусулмонони асирро ва маро озод мекунад. Боке надорад.

Абдуллоњ ибни Њузофа шартро иљро кард ва шоњ низ дар ќавлаш содиќ монд ва асиронро озод кард. Абдуллоњ (р) баъди бозгашт њодисаро ба Умар (р) наќл кард. Бо шунидани саргузашти Абдуллоњ (р) чењраи Умар (р) дурахшид ва бо овози баланд фарёд баровард:

- Ба њар як мусулмон зарур аст, ки сари Абдуллоњро бибўсад ва ман ин корро ибтидо мекунам. Пас Умар (р) аз љояш бархост ва бо мењрубонї сари Абдуллоњ (р)-ро бўсид.[34]

 

35. Савора ва ѓаниматњо

Муњориба ба поён расид. Садои боњам хўрдани шамшерњо ќатъ гардид. Љасадњои мурдагон дар майдони љанг пањну парешон мехобиданд. Парчами имон сар афрохта, аз ѓалабаи мусулмонон мужда мерасонд. Ѓолибон ба љамъоварии ѓаниматњое, ки майдони муњориба аз он лабрез буд, машѓул шуданд.

Миёни саворагони лашкари ислом марди чобуксаворе буд, ки бо аспи бодпояш ба душман њамлањои маргбор анљом медод. Вале Абўмусои Ашъарї (р) њангоми таќсими ѓаниматњо њаќќи ўро бо пуррагї адо накард. Савор аз Абўмусо талаб кард, ки танњо дар сурати то ба охир пардохтани њаќќаш, ѓаниматро аз дасти ў мегирад. Абўмусои Ашъарї арзи саворро гўш накарда, ўро бист ќамчин зад ва мўйи сарашро низ тарошид. Савора мўйњои дар рўйи замин парешонашро љамъ оварда, ба халтае андохт ва ба Мадина рањсипор шуд. Дар Мадина ў ба назди Умар (р) ворид шуд ва халтаи мўйро ба синаи Умар (р) зад. Умар (р) бо тааљљуб пурсид:

-Ба ту чї шуд?

Он мард њодисаи аз сараш гузаштаро наќл кард. Бо шунидани наќли савора вулќони ѓазаб дар синаи Умар (р) љўш зад ва зуд ба Абўмусо нома навишта, дар он аз љумла чунин арз кард:

- Салом бар ту, аммо баъд: Фалонї ибни фалонї бо ман чунину чунон хабарњоро расонид. Ман ќасам мехўрам, агар ин корро дар њузури мардум карда бошї ман дар њузури мардум аз ту ќасос мегирам ва агар ин љазоро ба ў дар танњої дода бошї, пас бо ў дар танњої нишин, то ки аз ту ќасос бигирад[35].

 

36. Шоњи гурезпо

Шоњи Ѓассониён Љибла ибни ал-Айњам исломро пазируфт ва ба ин хотир бо њама шукўњу шањомати подшоњї ба сўи Умар ибни Хаттоб (р) омад. Умар ибни Хаттоб (р) ўро бо иззату икром пешвоз гирифт ва дар манзили бузурге љой дод.

Рўзе њангоми тавофи Байтулњаром (хонаи Каъба), аъробие аз ќабилаи бани Фазора, нохост изори Љибла ибни ал-Айњамро зер кард. Аз ин кор ў ба ѓазаб омада, аъробиро ба рўяш зад. Аъробї ба назди Умар (р) рафта, шикоят кард. Умар (р) Љибла ибни ал-Айњамро даъват карда, бо нармї ба ў фањмонд, ки ё аъробиро розї мекунї ва ё туро мезанад. Барои Љибла ин корњо гарон менамуд. Аз ин рў маѓрурона гуфт:

-Оё миёни подшоњ ва одами оддї фарќ намегузорї.

Умар (р) гуфт:

-На, њаргиз на, чунки ислом шуморо дар як сатњ ќарор дод.

Љибла дар љавоб гуфт:

-Дар ин сурат, ман ба дини насронї боз мегардам.

Умар (р) гуфт:

-Пас, саратро аз тан људо мекунам.

Љибла чун ќатъият ва салобати Умар (р)-ро дид, то рўзи дигар фурсат талабид ва пинњонї, њамроњи наздиконаш, шабона ба Константинопол* фирор кард ва ба Императори њамонваќтаи Рум Њеракл (Геракл) пайваст.[36]

 

 

37. Њамнишинатро ба таваллуди писар мужда бидењ

Амирулмўъминин нимашаб пардаи сиёњро дарида пеш мерафт. Ногоњ овози нолиши зане аз як хаймаи, ки дирўз дар онљо набуд, ба гўшаш расид. Амирулмўъминин ба онљо наздик омада, мардеро дид, ки дузону дар паси хайма нишастааст. Аз ў пурсид, ки ту кистї? Мард гуфт:

- Марде аз ањли бодияам ба назди Амирулмўъминин Умар (р) равон будам, то ба ман атое (бахшиш, инъом) кунад.

Умар (р) гуфт:

- Садое, ки аз хайма меояд садои кист?

Мард гуфт:

- Худо туро биёмурзад, машѓули кори худ бош!

Умар (р) гуфт:

- Машѓули кори худ њастам, (ва шумо бигўед) ин овози кист?

Мард гуфт:

- Овози нолиши занест, ки таваллуд мекунад.

Умар (р) гуфт:

- Оё дар наздаш ягон кас њаст?

Мард гуфт:

- На, касе нест.

Умар (р) шитобон ба хонааш омада ба њамсараш Умми Кулсум гуфт:

- Оё кори савоберо, ки Худо барои ту омода намудааст, ба анљом мерасонї?

Њамсараш пурсид:

- Он чї кор аст?

Умар (р) гуфт:

- Зани бекасу бечорае таваллуд мекунад ва дар наздаш касе нест.

Умми Кулсум гуфт:

- Агар ту хоњї, ман омодаам

Умар (р) гуфт:

- Њама чизњои барои зани зоянда муњимро бо худ бигир ва боз каме равѓан, орд ва гўшт биёр. Баъд аз ин Умар (р) маводро бардошта ба њамсараш гуфт, ки рафтем. Њамсараш аз думболи ў ба роњ даромад ва баъди чанде ба назди хаймаи пашмин расиданд. Умар (р) ба њамсараш гуфт:

- Ба назди зан даро!

Худаш ба назди он мард омада нишаст ва зери дег оташ даргиронд. Бо ин маќсад њезуми зери дегро пуф мекард, њатто дуди оташ риши муборакашро хилол намуд. Ба њамин тарз хўрокро омода кард. Дар њамин ваќт зан таваллуд кард ва садои гиряи тифл ба гўш расид. Умми Кулсум гуфт:

- Эй амирулмўъминин, њамнишинатро ба таваллуди писар мужда бидењ!

Ваќте он мард калимаи амирулмўъмининро шунид, аз љояш як ќад парида хест. Умар (р) гуфт:

- Аз љоят наљунб. Инро гуфту, дегро бардошта ба назди хайма рафт ва њамсарашро садо карда ба ў гуфт, ки занро хўрок дењ. Њамсараш ба зан таом дода, дегро бароварда дар паси даромадгоњи хайма гузошт. Умар (р) дегро оварда дар назди мард гузошт ва бо такрор гуфт:

- Бихўр, бихўр, ту тамоми шаб бедор будї. Баъд аз ин Умар (р) ба њамсараш амр кард, ки биё, бозмегардем ва ба мард мурољиат карда гуфт:

- Фардо назди мо биё, то бароят чизњои хостаатро бирасонем.

Мард мувофиќи ваъда ба назди Умар (р) рафт, аз он љо шоду масрур бозгашт.[37]

 

 

Шайхи тавбакор

Бегоњирўзї Умари Форуќ (р) дурра дар даст њамроњи Ибни Масъуд (р) ба кўча баромаданд. Онњо аз дур рўшноии оташро дида, ба самти он равон шуданд. Аз хонае рўшної мебаромад. Онњо дохили хона шуда, мардеро диданд, ки дар мўяш сафедї афтодааст, вале дар пешаш љоми шароб дорад ва дар гўшаи дигар канизаке суруд мехонад. Умар (р) ин манзараро дида гуфт:

- Ќабењтар аз ин манзара, ки марди пиронсоле аљалаш наздик, бо ин гуна бешарафї машѓул бошад, њаргиз надида будам:

- Он мард сарашро бардошта гуфт:

- Эй амирулмўъминин, коре, ки ту анљом додї, ќабењтар аст! Аз думболи ман таљассус кардї. Њол он ки худат мегуфтї, ки таљассус накунед ва бар замми ин бе иљозат вориди хона шудї.

Умар (р) гуфт:

- Рост гуфтї.

Сипас, аз хона баромада, аз алам гирён шуд ва худ ба худ мегуфт:

- Кош Умарро модараш аз даст медод! Ин чї коре буд, ки ту кардї. Он мард, ин кори гуноњро пинњонї анљом медод. Акнун бошад «маро Умар дид» гўён ба таври доимї ба гуноњ даст мезанад. Он марди гунањкор маљлисњои Умар (р)-ро чандин рўз тарк кард. Боре ў дар маљлис њозир шуда, дар поёни маљлисгоњ нишаст. Умар (р) ўро дида, гуфт:

-Ин мардро ба назди ман фиристед:

Ўро ба назди Умар (р) њозир карданд. Мард тарсид, ки халифа ўро миёни мардум љазо дода, шарманда месозад. Умар (р) ўро дар пањлўяш шинонду, сарашро хам карда, ба гўшаш гуфт:

- Ќасам ба Худое, ки Муњаммадро расули барњаќ ќарор додаст, на ман ва на Ибни Масъуд (р) он чиро, ки дидем, ба касе нагуфтаем.

Он мард дањонашро калон кушода гуфт:

- Эй амирулмўъминин, гўшатро ба ман наздик бинмо ва бо овози паст дар гўши Умар (р) гуфт:

- Ќасам ба Худое, ки Муњаммадро расули барњаќ ќарор додаст, ман низ дигар бор ба он кор даст назадаам.

Умар (р) аз хушнудї бо овози баланд такбир мегуфт. Мардум такбирро шунида њама бо тааљљуб мутаваљљењ ба Умар (р) шуданд, вале сабаби хушњолии ўро дарк карда наметавонистанд.[38]

 

 



Поделиться:


Последнее изменение этой страницы: 2016-04-26; просмотров: 258; Нарушение авторского права страницы; Мы поможем в написании вашей работы!

infopedia.su Все материалы представленные на сайте исключительно с целью ознакомления читателями и не преследуют коммерческих целей или нарушение авторских прав. Обратная связь - 3.16.218.62 (0.142 с.)