Зане, ки Худованд суханашро шунид 


Мы поможем в написании ваших работ!



ЗНАЕТЕ ЛИ ВЫ?

Зане, ки Худованд суханашро шунид



Пешгуфтор

Пас аз њамду ситоиши Холиќи ин кавну макон ва дуруду салавоти бепоён бар паёмбараш – њазрати Муњаммади Амин, ки рисолаташро барњаќ адо намуд ва љомеаи башариро тавассути Ќуръони пурњикмат ва ахлоќи волояш пурнур ва комилан дигаргун сохт.

Њазрати Муњаммад (с) бо такя ба Ќуръон ва суннаташ сарсупурдагони зиёдеро дар атрофаш љамъ намуд ва дар партави ин ду шахсонеро тарбия кард, ки њар яки онњо родмардони роњи илоњї, њакимони фарзона ва диловарони майдони мубориза буда, дар таърихи башар беназиранд. Онњо шогирдони мактаби Муњаммадї буда, дар партави Китоби Илоњї парвариш ёфтаанд.

Яке аз он родмардон Умар ибни Хаттоб, бо лаќаби ифтихории Форуќ буд, ки воќеан дар айёми зиндагияш ба густариши дини ислом дар атрофу акнофи олам сањми бузург гузошт. Аљдодони мо дар он айём аз динњои мунњарифа ва ботила рўй гардонида бо пазириши дини поки илоњї – ислом мушарраф гардиданд, ки ин лоиќи ситоиш аст. Аз ин хотир, мо тољикон, чун номи мубораки Умар разияллоњу анњуро[1] шунавем дар пеши рўи мо симои шахсе намудор мегардад, ки ў сабаби мушарраф шудани аљдодони мо ба дини Ислом гардидааст. Ислом аз ин миллат 22 њазор шоиру нависанда ва мутафаккири соњибдевон ба љомеаи љањонї пешкаш намуд, ки мояи фахри якояки мост.

Пас, њар як фарди мусулмони тољикро зарур аст, ки ин шахсияти бузургро, ки аљдоди моро ба чунин шукўњу шањомат мушарраф сохтааст, шиносем ва дўст дорем. Хонандаи гиромї, бо инояту лутфи Худованди Маннон китоби «Саду як ќисса аз њаёти Умар ибни Хаттоб (р)» низ тарљума ва ба дасти шефтагони асњоби Расули акрам (с) расид. Воќеан анљоми ин амали пуршараф барои банда як ќарз буд.

Ќобили тазаккур аст, ки дар тањия ва тањрири матни тољикии ин китоб наќши бародари гиромї Шараф Атоев ќобили арљгузорист ва аз эшон бенињоят сипосгузорем.

Дар охир аз њар хонандаи азиз таманнои онро дорем, ки дар њаќќи мутарљим ва касоне, ки дар ин амали хайр сањм гузоштаанд, дуои неки худро дареѓ надоранд.

Орзуи мо ин аст, ки Худованди Маннон моро дар рўзи ќиёмат бо њабиби худ ва ёрони босафояш мањшур гардонад.

 

Муњаммадиќболи Садриддин.

 

Ба номи Худованди бахшояндаи мењрубон

Умар ибни Хаттоб (р) дар сатрњо

Номи пурраи ў Абўњафс Умар ибни Хаттоб ибни Нуфайл ибни Абдулуззо ибни Риёњ ибни Абдуллоњ ибни Ќурт ибни Разоњ ибни Удай ибни Каъб ибни Луай ибни Ѓолиб Ќурайшї ал-Адавї буда. Ў амирулмўъминин ва дуввумин халифаи рошидин, соњиби каромот ва сарлашкари футуњот њисоб меёбад. Худованд тавассути ў исломро иззат дод ва озорњоро аз мўъминон бардошт. Ў тозиёна ва шамшерро дар роњи њаќ мезад. Худованд тавассути ў њаќро аз ботил људо намуд ва ў низ яке аз пешоњангони дини ислом аст, ки раъяш бо Ќуръон мувофиќат кардааст ва Худованд ба дасти ў дин ва имонро мунташир намудааст ва шайтон аз ў дар њарос буд. Марде буд дорои виќору њайбат ва бешак ў чароѓи ањли љаннат њаст. Дар њалимї аз ў њалимтар дида намешуд ва дар бахшиш, њељ кўтоњї наменамуд. Зуд ба риќќат меомад ва гирён мешуд. Хидматгори нотавонон ва кўмаккунандаи онон буд. Пешвои одилу халифаи фозил ва шоњиди бузургтарин воќеањо буд. Дар дифоъ аз дин ќалъаеро мемонд. Аввалин шахсе буд, ки дар назди Њарам (Каъба) ошкоро намоз гузошт ва ошкоро њиљрат намуд. Ў забони ростгў дошт. Ба њаќпарастї дар роњи Худо шинохта шуда буд. Аз суханњои суханчинон ва бадгўён наметарсид ва дар андозањои муайяннамудаи Худованд устувор буд. Насабаш ба насаби Паёмбар (с) дар Каъб ибни Луай ибни Ѓолиб рост меомад[2]. Сездањ сол пас аз соли фил* таваллуд шуда[3] панљ сол ќабл аз њиљрат* ислом овардааст[4].

 

Дуои Паёмбар дар њаќќи Умар (р)

Паёмбар саллаллоњу алайњи ва саллам дар њаќќи ў ба ин мазмун дуо намуда гуфтанд:

-Эй бор Худоё, Исломро нерўву иќтидор бахшо, ба яке аз ин ду марде, ки назди Ту мањбубтар бошад. Бо Умар ибни Хаттоб ё бо Амр ибни Њишом – яъне, Абўљањл.[5]

Яке аз он ду мард, Амр ибни Њишом (Абўљањл) буд ва дигарї, Умар ибни Хаттоб (р) мебошад, ки дар алифбои арабї Умар ва Амр як хел навишта мешаванд. Худованди мењрубон дуои Паёмбарро ќабул намуда, аз миёни ин ду Умар - Умар ибни Хаттоб (р) – ро мањбуби Худ ќарор дод, ки Исломи азизро ба воситаи ў иззат бахшид ва хавфу тарсро аз дили мусулмонон дур кард ва чунон дар њаќљўї устувораш гардонид, ки лаќаби Умари Форуќ – яъне, људокунандаи байни њаќ ва ботилро соњиб гашт ва дар муомила ва коргузориаш чунон адолат нишон дод, ки унвони Умари Одил ба худ гирифт ва дар таќво ва садоќаташ нисбат ба дин ва Паёмбари Худо ба дараљае расид, ки шарафёби унвони Амирулмўъминин ва ёри дуввуми Паёмбар (с) гашт.

 

Фазилати Умар (р)

Ў дорои фазли бузург аст. Паёмбари Худо (с) дар шаъни ў гуфтааст: «Худованд бар забон ва ќалби Умар њаќро додааст.»[6]

Паёмбари Худо (с) дар њадиси дигаре фармудаанд: «Агар пас аз ман паёмбаре мебуд, њароина, ў Умар буд».[7]

Боз Паёмбари Худо (с) фармудааст: «Дар ќавмњои пеш аз шумо муњаддисон буданд ва агар дар уммати ман як нафар бошад, пас ў Умар аст».[8]

Дар љои дигар Паёмбари Худо (с) фармудааст: «Њароина ман шайтонњои инсу љинро мебинам, ки дар њаќиќат, аз Умар гурехтаанд». [9]

Њазрати Алї ибни Абутолиб гуфтаанд: «Бењтарини ин уммат пас аз паёмбарамон Абўбакр (р) ва баъд аз он Умар (р) аст».[10]

Дар корњои зерин аз дигарон пешдастї намуд

Аз љумлаи пешоњангињои Умар (р), нахустин бор, ошкоро аз Макка ба Мадина њиљрат карданаш буд.

Ў аввалин шахсе буд, ки амирулмўъминин номида шуд ва аввалин бор солшумории њиљрии ќамариро љорї намуд. Ў мардумро барои адо намудани намози таровењ дар шабњои рамазон љамъ намуд ва ба љамъоварии Ќуръон ишора кард. Аввалин касе буд, ки додани љоизаро барои њофизони (ќориёни) Ќуръон муайян намуд ва нахустин халифае буд, ки љизяро аз фаќирони ањли зимма бардошт ва ољизии эшонро бартараф кард. Ў аввалин касе буд, ки аз ањли зиммаро иќоматгузорї кард. Ва аввалин шахсе буд, ки ба фаро хондани љавонон ба хидмати аскарї амр намуд. Он њазрат шахсе буд, ки ќозињо ва шахсиятњои аз дин бохабарро њамроњ бо лашкар мефиристод. Аввалин шахсе буд, ки фармонњои навишташударо ќабул намуд ва маљлисњо ва нишастњои људогонаро бо сарлашкарон ва волињо баргузор кард. Ў нахустин амире буд, ки шабонгоњ худ аз ањволи раияташ бохабар мешуд. Бо ќарори ў аввалин маротиба девонњо таъсис ёфтанд ва навиштан ё сабт намудани номњои лашкариён ба роњ монда шуд. Инчунин амр кард, ки барои њар навзоди дар оилаи мусулмон ба дунё омада, маблаѓи муайян дода шавад. Ў аввалин шуда барои мењмондорї хонаи алоњида - мењмсонхона бино намуд.

 

Вафоти Умар (р)

Ўро Абулўълўаи Маљусї, ки ѓуломи Муѓира ибни Шўъба буд, нољавонмардона, бо задани ханљаре бар пањлўяш, њангоми адои намози бомдод, ба ќатл расонд. Пас аз зарбаи он ханљар, се рўзи дигар зинда буд ва сипас љон ба Њаќ супорид. Он њазратро дар пањлўи Паёмбар (с) ва рафиќаш Абўбакри Сиддиќ (р) дафн намуданд.

Зане, ки Худованд суханашро шунид

Зане дар роњ, дар дасташ асо равон буд. Ќомати ўро пирї хам карда буд, аз ин рў бо машаќќат роњ мерафт. Пиразан Умар ибни Хаттоб (р) – ро, ки дар миёни ќавм буд, бо ишора ба канори роњ даъват кард. Умар (р) ба пиразан наздик шуда, дастонашро ба зонуњояш гузошта, ќоматашро хам намуд, то ки суханони пиразанро бишнавад. Ва ин њолат хеле идома ёфт, зеро овози он пиразани нотавон хеле паст буд ва Умар (р)-ро водор намуд, ки дар чунин њолат дуру дароз биистад. Баъди чанде, Умар (р) мушкили пиразанро њал намуда, аз назди ў бозгашт. Њангоме, ки Умар (р) ба сўи ќавм бозгашт, марде аз онњо ба Умар (р) хитоб намуда, чунин гуфт:

- Эй амирулмўъминин чаро ту бо як пиразан андармон шуда, мардони Ќурайшро мунтазир кардї?

Умар (р) гуфт:

- Вой бар ту! Оё медонї ин зан кї буд?

Мард гуфт:

- На.

Умар (р) гуфт:

-Ин њамон занест, ки Худованд шикояташро аз фарози њафт осмон шунид. Ин зан Хавла бинти Саълаба буд. Савганд ба Худо, агар ў аз ман дур намешуд, то шаб ман мунтазир меистодам, то ин ки њољаташро адо намоям.[11]

Пиразани шоира

Дар як гўшаи шањри Мадина кулбаи кўчаке љойгир буд. Нури хирае чароѓи кулбаро равшан мекард. Умар (р) ба он кулба наздик шуд. Пиразане бо либосњои сиёњ дар хона менишаст. Нури чароѓ он ќадар тира буд, ки дидани шахс дар хона номумкин буд. Пиразан чунин мисрањоро замзама менамуд:

Бар Муњаммад дуруди бепоён,

Сањархез буду чашмаш буд гирён.

Гўянд варо дуруд бењтаринон,

Вале шеърам зи васфаш дар гил афтон.

Њамехоњам, ки андар рўзи мањшар,

Ба зери байраќаш бошам санохон.

Ин мисрањо Умар (р)-ро ба њаяљон оварданд ва рўзњои рафта ба ёдаш омад. Ў беихтиёр гирён шуд ва ашки сўзон ба рухсорањояш равон гардид. Сипас, каме ором шуда, дари кулбаи пиразанро кўфт. Пиразан гуфт:

- Кистї?

Дар њоле ки Умар (р)-ро гиря гулўгир намуда буд, гуфт:

- Ин манам Умар ибни Хаттоб.

Пиразан гуфт:

- Маро ба Умар коре нест. Чї шуд, ки дар ин беваќтии шаб Умар омад?.

Умар (р) гуфт:

- Туро боке набошад, Худованд бар ту рањм кунад. Лутфан дарро боз намо. Пиразан дари кулбаашро кушоду Умар (р) вориди он шуд. Ў бо лутф аз пиразан хоњиш кард:

- Он шеъреро, ки пештар хондї, замзама бинамо. Пиразан дубора он шеърро хонд. Њангоме ки шеърхониро ба поён расонид, Умар (р) гуфт:

-Мехоњам, ки маро низ дар шеър зикр кунї. Он пиразан гуфт:

- Ё Омурзгор! Умарро биёмурз.

Инро шунида, Умар (р) хушнуд шуд ва бозгашт.[12]

 

Тифли гурусна

Кўчањои шањри Мадина аз тољироне, ки аз њар гўшаву канор омада буданд, пур гашт. Шањрро садои онњо фаро гирифта буд. Ин њангом Умар (р) ба Абдурањмон ибни Авф (р) гуфт:

- Биё, имшаб моли тољиронро посбонї намоем, то аз дуздї эмин бошанд. Пас њар ду машѓули посбонї шуданд. Дар аснои намозгузорї, садои тифлеро шуниданд, ки гиря мекард. Пас аз намоз Умар (р) ба тарафи он садо равон гардид ва ба модари он тифл, ки мехост тифлашро хомўш кунад, гуфт:

- Аз Худованд битарс ва бо тифлат хуб муомила намо. Сипас Умар (р) ба сўи макони пештарааш бозгашт, ки ногоњ садои он тифл дубора баланд шуд. Умар (р) дубора ба сўи модари тифл бозгашт ва суханони пештараашро такрор кард. Пас, дар охири шаб боз садои гиряи љонхароши тифл баланд шуд. Умар (р) ба назди он тифл омад ва бо сахтї ба модараш гуфт:

-Њайфи ту, мебинам, ки модари баде њастї, ки бо тифлат мењрубонї надорї. Модари тифл бо андўњ чунин гуфт:

- Эй бандаи Худо, имшаб маро ба танг овардї. Ман мехоњам ўро аз шир људо кунам, тифл бошад аз пистон дил кандан намехоњад.

Умар (р) бо тааљљуб гуфт:

- Барои чї?

Модари он тифл бо њоли зор посух дод:

- Умар (р) нафаќаро танњо барои тифлони аз синни ширхорагї боло лозим гардонидааст!

Умар (р)-ро вањшат фаро гирифт ва бо садои ларзон чунин гуфт:

- Ў чандмоња аст?

Зан чандмоња будани тифлашро изњор дошт.

Умар (р) гуфт:

- Вой бар ту, ин ќадар зуд ўро аз шири худ људо накун.

Сипас, Умар (р) бозгашт ва намози субњро бо мардум гузошт. Умар (р) намоз мегузорид, вале аз асари гиряи ў, мардум сураи тиловаткардаи ўро ба хубї намешуниданд. Пас, њангоме ки аз намоз фориѓ гашт чунин гуфт:

Вой бар њоли Умар! Чї ќадар фарзандони мусулмононро куштааст.

Сипас амр намуд, ки барои њар тифли бадунёомадаи мусулмон аз рўзи таваллуд нафаќа муќаррар созанд ва ин амрро ба њама гўшањо расонанд.[13]

 

Пиразани нобино

Дар яке аз хонањои кўчаки атрофи Мадина пиразани нобиное умр ба сар мебурд, ки аз молу бисоти дунё ѓайр аз як гўсфанд, як сатил ва як бурёе, ки бо гузашти айём рангаш парида ва фарсуда гашта буд, чизи дигаре надошт.

Умар (р) бо ин пиразан ањд намуда буд, ки њар шаб аз њоли ў бохабар шуда ба ў об медињад. Ин амалро Умар (р) чанд ваќте анљом дод.

Рўзе аз рўзњо Умар (р) ба сўи хонаи он пиразан омад ва дарёфт, ки њама чиз дар назди пиразан мураттаб ва муњайё шудааст. Донист, ки шахси дигаре аз ў пешдастї намуда, ба он пиразан кўмак расонидааст. Рўзњои дигар низ њол њамин буд.

Пас аз чунин ранг гирифтани њол, Умар (р) назди хонаи он пиразан омад ва дар наздикии он хона пинњон шуд, то, кї будани он шахси некўкорро фањмад. Чанд соате дар он љо пинњон буд. Дар ин асно, ногањон мардеро дид, ки назди хона омада, дарро зад ва дохили он хона шуд. Ба Умар (р) маълум гардид, ки ин Абўбакр (р) аст. Абўбакр (р) дар он замон халифаи мусулмонон буд.

Пас аз дохил шудани Абўбакр (р) ба он хона, Умар (р) аз махфигоњаш берун шуд, зеро барояш њама чиз маълум гашта буд. Ва ба њоли Сиддиќ тааљљуб намуда, бо худ чунин гуфт:

- Ба умрам ќасам, ин ту њастї, ки чунин карда метавонї ва чунин њавсала дорї. [14]

 

5. Аъробие, ки њамроњи модараш тавоф мекард

Садои тавофкунандагон дар њаво баланд мегашт ва бо садои такбиру ситоиши Парвардигор, њавои атрофи Каъбаро муаттар месохтанд ва садои зориву таваллои онњо бо ашкњои резонашон омезиш меёфт. Аз паси он љамоа, аъробие, ки синапањну ќавибозу ва ќоматбаланду бузургљусса буд, њамчунин тавоф мекард. Нављавон дар пушти худ модари нотавонашро бардошта, гирди хонаи Каъба мегашт ва ин шеърро ба такрор месуруд.

Модари пирам ба душам,

Бе нафрату бе рўи туршам.

Чун тифл будам модари зорам,

Ширам медоду буд ѓамгусорам.

Саворияш њастам, гурез надорам,

Бардошту шир дод, ман ќарздорам.

Ин мисраъњоро хонда, «лаббайкаллоњумма лаббайк» яъне, «ба хидматат њозирам, њозир» гўён, ба Худо мурољиат мекард. Алї ибни Абутолиб њамроњи Умар (р) дар як тарафи хонаи Каъба истода буданд ва тавофкунандагонро нигоњ мекарданд. Алї (р) гуфт:

- Эй Абўњафс, биё мо низ тавоф намоем, шояд ки рањмати Худо насиби мо низ гардад. Пас њарду тавофро шурўъ намуданд. Чун њангоми тавоф, ба аъробї дучор омаданд ва сурудањояшро шуниданд, њазрати Алї дар љавоб ин байтро бадоњатан гуфт:

Гар лутф кунї ба модар њам шукри Худо,

Афзун созад ками туро Ў ба сахо [15].

 

6. Љавоне, ки аз ќабраш сухан мегўяд

Дар Мадина љавони хеле ботаќвое буд. Ў чашмњои худро аз њаром нигоњ медошт. Ва њамеша ќалбаш дар њавои масљид буд, то намоз гузорад ва суханони пурњикмат аз сањобагони Расули Акрам (с) бишнавад. Он љавон бо парњезкориаш Умар (р)-ро ба тааљљуб оварда буд. Ўро падари пирсоле буд. Њар ваќте намози хуфтанро адо менамуд, зуд ба назди падараш мешитофт. Роњи он љавон аз пеши дарвозаи зани фитнакоре мегузашт. Боре он зан љавонро ба худ љалб намуд ва он љавон аз паси зан равон шуд. Ваќте, ки љавон хоњиши ба хонаи зан дохил шудан намуд, ин њангом суханони Худовандро ба ёд овард.

Сухани Худо:

}žcÎ) šúïÏ%©!$# (#öqs)¨?$# #sŒÎ) öNåk¡¦tB ×#Í´¯»sÛ z`ÏiB Ç`»sÜø‹¤±9$# (#r㍞2x‹s? #sŒÎ*sù Nèd tbrçŽÅÇö7•B ÇËÉÊÈ

Касоне, ки парњезгорї мекунанд, чун аз шайтон васвасае ба онњо бирасад, Худоро ёд мекунанд ва ногањон (бар њаќ) бино шаванд.

(Сураи Аъроф, ояти 201)

Љавон аз тарси Худо бењуш гардид. Ўро ба назди падараш бурданд. Љавон то як њиссаи шаб бењуш буд. Ваќте ба њуш омад, падараш сабаби ба ин њол афтоданашро пурсид. Чун падарашро аз асли воќеа огоњ намуд. Падараш ба ў гуфт:

- Кадом оятро ќироат кардї, писарам? Чун љавон он оятро тиловат намуд, дубора бењуш гардид. Ваќте ки ањли хонавода ва њамсоягонаш љамъ гашта, хостанд, ки ўро ба њуш биёранд, ўро мурда ёфтанд. Сипас, ўро шуста, кафан карданд ва љанозаашро хонда, дар њамон шаб гўрониданд. Субњи рўзи дигар, Умар (р), аз асли воќеа огоњ шуда, назди падари ў омад ва изњори њамдардї намуд. Сипас, ба назди ќабри он љавон рафта чунин садо зад:

- Эй фалонї!

Он љавон аз ќабр љавоб дод:

- Эй Умар (р), ба тањќиќ Худованд он дуро ба ман дар љаннат ду бор додааст?[16]

Сухани Худо:

ô`yJÏ9ur t$%s{ tP$s)tB ¾ÏmÎn/u‘ Èb$tF¨Zy_ ÇÍÏÈ

Ва барои њар кас, ки аз истодан дар пешгоњи Парвардигораш тарс дорад, ду љаннат аст.

(Сураи ар-Рањмон, ояи 46)

 

7. Имрўз аз Абўбакр (р) пеш мегузарам

Расули акрам (с) дар сўњбате ба асњоби бузургворашон фазилати садаќаро бозгў менамуданд. Дар миёни он асњоби бузургвор Умар (р) низ бо чењраи нуронї ва синаи фарох нишаста буд ва андеша мекард, ки молеро садаќа намояд.

Умар (р) гуфт:

- Имрўз, коре карда, дар садаќа аз Абўбакр (р) пеш мегузарам. Бо ин маќсад аз љойи худ бархост ва монанди бод ба хонааш шитофт ва дар дасташ як њамёни калон баргашта, онро дар назди Расули акрам (с) гузошт. Расули акрам (с) ба он њамёни бузург нигаристанд ва ин амали Умарро бо нигоњи муборакашон пазируфта, чунин гуфтанд:

- Барои ањли хонадонат чизе боќї гузоштї?

Умар (р) гуфт:

- Барояшон ба миќдори моли овардаам боќї гузоштам. Сипас, Умар (р) дар назди Расули акрам (с) нишаст ва лањзае нагузашта, Абўбакр (р) ба масљид дохил гардид. Дар дасти ў низ як њамёни бузургтар аз њамёни овардаи Умар (р) буд. Абўбакр (р) онро дар назди Расули акрам (с) гузошт.

Пас аз дидани ин њолат Расули акрам (с) табассум намуда, чунин гуфтанд:

- Барои хонаводаат чизе боќї гузоштї?!

Абўбакр (р) бо шикастанафсї љавоб дод:

- Барои онњо, Худо ва Паёмбарашро гузоштам. Умар (р) ин рафтори дўсташро дида, тааљљубкунон сар љунбонид ва чунин гуфт:

- Эй Абўбакр! Дар њељ коре аз ту пеш гузашта натавонистам.

 

8. Баъд аз ту, дигар њаргиз касеро маъзур нахоњам дошт

Абдуррањмон ибни Авф, ки марди доро буд, боре ба њузури модари мўъминон (њамсари Расули акрам(с)) Умми Салама рафт. Умми Салама дар рафти сухан мисле, ки ба хайру саховат ташвиќ мекарда бошад, гуфт:

- Аз Расули акрам (с) шунидам, ки мегуфтанд:

- Ба тањќиќ, аз асњоби ман касоне њастанд, ки баъд аз вафотам дигар њаргиз маро намебинанд. Абдуррањмон ибни Авф бо шунидани ин сухан сахт тарсид. Њатто ларзаи баданашро мушоњида кардан имкон дошт. Забонаш лол монд. Њаросон аз љояш бархоста, ба назди Умар (р) шитофт ва ўро дида гуфт:

- Бишнав, модарат чї мегўяд. Ва ўро аз мазмуни сўњбати Умми Салама огоњ кард. Бо шунидани суханони Абдуррањмон, Умар (р) низ дар ташвиш афтод ва гумон кард, ки замин бо ў фурў меравад. Зуд ба њузури модари мўъминон Умми Салама омада дузону зад ва ба ў рўй оварда, гуфт:

- Аз барои Худо, илтиљо мекунам, ба ман бигў, оё ман яке аз онњоям?!!

Умми Салама (р) гуфт:

- На, ва баъд аз ту њаргиз каси дигарро маъзур нахоњам дошт.

 

9. Зани мубталои бемории љузом (махав)

Мардум дар атрофи хонаи Каъба тавоф менамуданд. Садои онњо бо зориву тавалло ва нидоњои такбиру тањлил омехта мегашт. Дар миёни ин мављи пурљўши тавофкунандагон нигоњи Умар (р) ба зане афтод, ки ў мубталои бемории махав буд ва бо вуљуди он тавоф менамуд. Умар (р) ба он зан гуфт:

-Эй бандаи Худо, мардумро озор надењ. Агар дар хонаат менишастї хеле хуб буд (то касеро ба он беморї мубтало насозї). Он зан хоњиши амирулмўъмининро пазируфта ва дар хонааш ќарор гирифт ва аз он берун набаромад, то ин ки Умар (р) аз дунё гузашт.

Боре шахсе аз назди хонаи он зан гузар карда, ба ў чунин гуфт:

- Оне, ки туро манъ карда буд, аз дунё гузашт. Пас, бемалол аз хонаат баро ва тавоф кун. Он зан гуфт:

- Ман чунон нестам, ки дар зиндагияш итоат намоям ва баъди маргаш аз фармони ў хориљ шавам.

Он зан то охири умр аз хонааш берун набаромад.

10. Ѓайрату рашки Умар (р)

Расули акрам (с), хоксорона ва бо тавозўи ба худашон хос нишаста буданд ва аз лабњои муборакашон садои зикру тасбењ баланд мешуд. Синаи он Њазрат (с) дорои ањодиси гуњарбор буд ва асњоби бузургворашон дар гирди ў њалќа зада нишаста буданд. Расули акрам (с) гуфт:

- Њангоме ки ман хоб будам, дар хобам худро дар љаннат дидам ва занеро аз дур мушоњида кардам, ки дар як тарафи ќасре вузў менамуд. Пурсидам, ки ин ќасри кист? Гуфтанд, ки ќасри Умар (р) аст.

Расули акрам (с) дар идомаи суханашон чунин гуфтанд:

- Ин њангом, ѓайрату рашки Умар (р)-ро ба ёд овардаму рўи худро ба сўи дигар гардонидам ва ба тарафи муќобил равон шудам.

Умар (р) ин суханро шунида, гиря намуд ва чунин гуфт:

- Эй Паёмбари Худо (с), оё ман ба шумо бадрашкї менамоям?

11. Умар (р) ва муолиљаи уштур

Дар яке аз рўзњои гарми тобистон, ки нурњои оташбори офтоб регњои биёбонро мисли ахгарњои оташин тафсонида буд, корвони намояндагони Ироќ ба Мадинаи мунаввара омада расид. Пешопеши онњо Ањнаф ибни Ќайс (р) равон буд. Ў амирулмўъминин Умар (р)-ро љустуљў мекард. Баъди чанде Умар (р)-ро дар назди уштури беморе, ки аз моли садаќа ба шумор мерафт, пайдо намуд, ки саллашро як сў гузошта, миёнашро бо љелак баста буд ва уштури бемореро муолиља мекард.

Ваќте, ки чашми Умар (р) ба Ањнаф афтод ба ў мурољиаткунон гуфт:

- Эй Ањнаф, либосњоятро каш ва зуд биёву ба Амирулмўъминин дар табобати ин уштур, ки њаќќи ятиму мискин ва бевазанон аст, кўмак расон. Суханони Умар (р)-ро марде аз њозирин шунида, бо тааљљуб гуфт:

- Худо биомурзад туро, эй Умар (р), магар ходимони њозиристодаро намефармої, ки ин корро худашон ба анљом расонанд.

Умар (р) дар љавоб хоксорона гуфт:

- Оё аз ману Ањнаф дида ходимтаре њаст. Дар њаќиќат, шахсе, ки масъули умури мусулмонон мешавад вай бандаву хидматгори онњост. Чуноне, ки ѓулом дар назди хољааш фармонбардор аст, волии мусулмонон низ дар адои амонат ва насињати онњо масъул мебошад.

12. Эй ѓулом, маро бо худ бубар

Зери нурњои офтоби сўзон Умар (р) ба беруни шањри Мадина равон гардид ва аз шиддати гармо дар сараш ридояшро гузошта буд. Дар њамин асно, ѓуломе харсавор аз наздаш гузашт. Умар (р) ўро дида, гуфт:

- Эй ѓулом, маро бо худат савор кун.

Ѓулом дарњол бозистода, аз хараш поён фаромаду гуфт:

- Савор шавед, эй амирулмўъминин. Умар (р) гуфт:

-Не, аввал ту савор шав ва ман аз паси ту менишинам. Оё ту мехоњї, ки маро дар як љои њамвор савор кунї ва худ дар як љойи дуруште бинишинї? Пас аз чунин гуфтугузорњо чун амирулмўъминин ѓуломро ба нишастан дар пеш водор намуд, худ аз пушти ѓулом нишаст. Њарду, савори хар, дохили Мадина шуданд ва тамоми мардум ин њолатро мушоњида намуданд.

 

13. Умар (р) писарашро адаб медињад

Боре, як писари Умар (р) дар тан либоси зебо, љилвакунон ба назди падараш даромад. Чун Умар (р) ин воќеаро дид, чунон ўро бо дурра зад, ки писараш гирён шуд. Ин њолатро духтарашон Њафса дида, гуфтанд:

- Эй падар, ўро барои чї задї?

Умар (р) гуфт:

- Дидам, ки њолати худаш писандаш омадааст ва маѓрураш сохтааст, пас хостам, ки худашро нотавон бишуморад.

Оё таом пас аз таом

Дар миёни мардум овозае пањн гардида буд, ки гўё Язид ибни Абўсуфён (р), дар як ваќт таомњои гуногун мехўрад. Ин овоза ба тамоми Мадина пањн гашт ва ба гўши Умар (р) низ расид. Умар (р) ба њамсояи ў, ки номаш Ярфаъ буд гуфт:

- Њар ваќто донистї, ки хўроки шоми Язид (р)-ро омода кардаанд, маро огоњ намо.

Чун хўроки шомро њозир намуданд, Ярфаъ дарњол Умар (р)-ро огоњ намуд. Умар (р) худро зуд ба хонаи Язид расонида, ба ў салом дод ва иљозати дохил шудан хост. Язид (р) иљозат дод. Умар (р) дохил гардид ва ба суфраи таом наздик шуд. Он бегоњ шўрбои сергўшт оварданд. Умар (р) њамроњи соњибхона аз он шўрбо тановул кард. Пас аз хўрдани он таом, ба суфра гўшти гўсфанди тануриро оварданд. Язид, дарњол дасташро дароз кард то аз он бихурад, вале Умар (р) дасти ўро боздошта, сарзанишкунон чунин гуфт:

- Аз Худо битарс, эй Язид ибни Абўсуфён!

Оё хўрок пас аз хўрок?

Савганд ба номи Худое, ки љони Умар ба дасти ўст, агар аз суннати Расул мухолифат менамоед, мардум низ шуморо мухолифат меварзанд.[19]

 

17. Зане, ки аз шавњараш дур аст

Субњгоњон Умар (р) дар кўчањои Мадина равон буд ва эњсос менамуд, ки оромї дар њама шањр њукмфармост. Ва дар ин оромие, ки тамоми шањрро фаро гирифта буд, овози занеро шунид, ки суруд мехонд ва эњсосоти худро дар он изњор мекард.

Шаб дарозу дер боз н-омад рўз.

Шудам пазмони он ёри дилафрўз,

Набудї тарси Њаќ гар бар вуљудам,

Њамељунбид кати хобам шабу рўз.

Суруди зан виљдони Умар (р)-ро ором нагузошт. Пас, ба назди хонаи он зан омада, иљозати даромадан хост ва чунин гуфт:

- Туро чї шудааст, эй зан?

Зан посух дод:

- Чанд моњ аст, ки шавњарамро аз ман дур кардаї ва ман муштоќи дидори ўям. Умар (р) бо ќањр гуфт:

- Оё ќасди кори баде дорї?

Зан гуфт:

- На, савганд ба Худо.

Умар (р) гуфт:

- Худро ба даст гир, ман ба ў нома мефиристам. Пас, ба шавњари он зан нома фиристода, ўро бозпас хонд. Сипас, ба назди духтараш Њафса (р) даромада, чунин гуфт:

- Ман мехоњам аз ту масъалаеро бипурсам, ки маро ба ташвиш овардааст.

Баъд каме ором гардид ва пурсид:

- Дар чї ќадар ваќт зан шавњарашро пазмон мегардад.

Ин њангом сари уммулмўъмин Њафса (р) аз њаё хам гардид. Умар (р) дубора ба ў рўй овард, то ки шармро аз духтараш дур намояд ва чунин гуфт:

- Худованд аз њаќ намешармад.

Чунин суханони падар низ Њафсаро аз њаё бознадошт ва натавонист љавоб гўяд, вале чун падар исрор намуд, бо ангуштони худ шумораи 3-ро ишора намуд, ки ифодагари се ё чањор моњ буд. Баъд аз ин Умар (р) ба њар манотиќе, ки зери фармонаш буд, нома фиристод ва дастур дод, ки сарбозонро аз се моњ зиёд дар љабњањо манъ нанамоянд[20].

 

Авф ибни Малик рост гуфт

Амирулмўъминин Умар (р) чун ситораи тобнок нишаста буд ва дар атрофи ў мусулмонон давра зада, сирати баъзе аз сањобањоро васф мекарданд. Баъзе аз њозирин Умар (р)-ро ситоиш намуда, чунин гуфтанд:

- Савганд ба Худо, мо мисли ту мардеро, ки ростгўву росткор бошад, надидаем. Баъд аз Паёмбари Худо (с) ту бењтарини мардум њастї. Чунин суханон Авф ибни Маликро, ки дар миёни он њалќа нишаста буд, ба хашм овард ва осори хашм дар рўи Авф (р) мушоњида гардид. Ногоњ Авф (р) фарёд баровард:

- Савганд ба Худо, ки дурўѓ гуфтед. Њаќќо, ки пас аз Паёмбари Худо (с) бењтар аз Умарро дидаем.

Умар (р) гуфт:

- Дар њаќиќат, Авф (р) рост гуфт ва шумо дурўѓ гуфтед. Савганд ба Худо, ки Абўбакр (р) бењтар аз буйи мушк буд. Ман бошам дар муќоиса бо ў камтар аз уштури хонаам њастам[23].

 

 

22. То мардум сер нашаванд, равѓанро намеошомам

Њамсари Умар (р) ба 60 дирњам равѓан харид. Ваќте Умар (р) пурсид, ки ин чист? Хонумаш посух дод, ки равѓан аст ва онро аз моли худам харидаам, на аз пули ту. Умар (р) ба хонумаш гуфт:

- То мардум сер нашаванд, ман њаргиз равѓан намехурам.

 

 

Шайхи тавбакор

Бегоњирўзї Умари Форуќ (р) дурра дар даст њамроњи Ибни Масъуд (р) ба кўча баромаданд. Онњо аз дур рўшноии оташро дида, ба самти он равон шуданд. Аз хонае рўшної мебаромад. Онњо дохили хона шуда, мардеро диданд, ки дар мўяш сафедї афтодааст, вале дар пешаш љоми шароб дорад ва дар гўшаи дигар канизаке суруд мехонад. Умар (р) ин манзараро дида гуфт:

- Ќабењтар аз ин манзара, ки марди пиронсоле аљалаш наздик, бо ин гуна бешарафї машѓул бошад, њаргиз надида будам:

- Он мард сарашро бардошта гуфт:

- Эй амирулмўъминин, коре, ки ту анљом додї, ќабењтар аст! Аз думболи ман таљассус кардї. Њол он ки худат мегуфтї, ки таљассус накунед ва бар замми ин бе иљозат вориди хона шудї.

Умар (р) гуфт:

- Рост гуфтї.

Сипас, аз хона баромада, аз алам гирён шуд ва худ ба худ мегуфт:

- Кош Умарро модараш аз даст медод! Ин чї коре буд, ки ту кардї. Он мард, ин кори гуноњро пинњонї анљом медод. Акнун бошад «маро Умар дид» гўён ба таври доимї ба гуноњ даст мезанад. Он марди гунањкор маљлисњои Умар (р)-ро чандин рўз тарк кард. Боре ў дар маљлис њозир шуда, дар поёни маљлисгоњ нишаст. Умар (р) ўро дида, гуфт:

-Ин мардро ба назди ман фиристед:

Ўро ба назди Умар (р) њозир карданд. Мард тарсид, ки халифа ўро миёни мардум љазо дода, шарманда месозад. Умар (р) ўро дар пањлўяш шинонду, сарашро хам карда, ба гўшаш гуфт:

- Ќасам ба Худое, ки Муњаммадро расули барњаќ ќарор додаст, на ман ва на Ибни Масъуд (р) он чиро, ки дидем, ба касе нагуфтаем.

Он мард дањонашро калон кушода гуфт:

- Эй амирулмўъминин, гўшатро ба ман наздик бинмо ва бо овози паст дар гўши Умар (р) гуфт:

- Ќасам ба Худое, ки Муњаммадро расули барњаќ ќарор додаст, ман низ дигар бор ба он кор даст назадаам.

Умар (р) аз хушнудї бо овози баланд такбир мегуфт. Мардум такбирро шунида њама бо тааљљуб мутаваљљењ ба Умар (р) шуданд, вале сабаби хушњолии ўро дарк карда наметавонистанд.[38]

 

 

Умар ва Усома (р)

Лашкари мусулмонон зери фармодењии Усома (р) аз хандаќи Мадинаи мунаввара нагузашта буд, ки шахсе хабари вафоти Расули акрам (с)-ро расонид.

Лашкар бо шунидани ин хабари мудњиш аз рафтан боз истод. Усома (р) ба Умар (р) рўй оварда, гуфт:

- Ба назди халифаи Расули Худо баргашта, аз ў иљозати баргаштани лашкарро бипурс, зеро ман аз таќдири халифаи Расули Худо ва оилањои лашкариён дар ташвишам, мабодо мушрикони Мадина аз вазъияти баамаломада сўистифода карда, ба муслмонон њамла кунанд.

Ансориёни дар лашкар буда, ба Умар (р) гуфтанд, ки мо нияти бозгаштан надорем. Танњо ту ба Абўбакр (р) пайѓоми моро расонида, аз ў хоњиш кун, ки ба љои Усома (р) ба мо сарлашкари калонсолтареро фиристад (Усома яке аз љавонтарин сарлашкарњо буд). Умар мувофиќи дастури Усома (р), ба Мадина, назди Абўбакр (р) баргашта, пайѓоми Усомаро ба ў расонид. Абўбакр (р) дар љавоб гуфт:

- Агар маро сагону гургон пора пора созанд њам, фармони Расули Худоро дигаргун намекунам.

Баъдан Умар талаби ансориёнро ба Абўбакр (р) арз намуд. Бо шунидани ин хабар Абўбакр (р) аз љояш љањида бархост ва мисли шер ба Умар (р) њамла карда, аз риши ў гирифт ва бонг зад:

- Кош, модарат пайдоят намекард, эй Ибни Хаттоб! Усомаро Расули Худо сарлашкар интихоб кард, ту бошї, маро амр мекунї, ки ўро барканор кунам!?

Умар (р) хиљолатзада баргашт. Ваќте ки ба лашкар расид, ансориён ба ў гуфтанд:

- Натиљаи кор чї шуд?

Умар (р) гуфт:

- Нолаатонро модаратон кунад, аз наздам дур шавед. Ба хотири шумо дар назди халифаи Расули Худо хиљолатзада шудам[47].

 

 

46 Суроќа ва тољи Кисро

Суроќа ибни Молик зирењашро пушида, шамшерашро њамоил кард ва ба аспаш савор шуд. Ў дар љустуљўи Паёмбари Худо (с) масофаи зиёдеро тай кард. Дар давоми ин љустуљўйњо, ў мўъљизањои Расули акрамро мушоњида намуд. Ин њама ба ў асар кард ва бо Паёмбари Худо (с) вохўрда чунин гуфт:

- Ќасам ба Худо, эй Муњаммад, ман медонам, ки дини ту дар олам зуњур мекунад ва оламгир мешавад. Аз ин хотир, бо ман ањду паймон бикун, ки њаргоњ ман ба мулки ту омадам, моро икром мекунї. Суроќа инро гуфта хоњиш кард, ки ин гуфтањои ўро расман китобат кунанд.

Паёмбари Худо (с) дар љавоб фармуданд:

- Эй Суроќа, оё пўшидани сару либоси шоњонаи Кисро ба ту хуш меояд?!

Баъди чанде Суроќа мусулмон шуда, ба Мадина кўч баст. Рўзњо паси њам мегузаштанд. Мусулмонон дар набарди Ќодисия бар лашкари Кисро ѓолиб омаданд ва ѓаниматњои мулки ўро ба Мадина ирсол карданд. Миёни он њама молу ашё тољи шоњї ва либосњои зарбофту нуќракўби Кисро, шамшери заркўб ва ду тавќи заррин, ки чашм мисли он љавоњири зеборо надида буд, ба ѓанимат бурда шуд.

Умар (р) бонг зад:

- Суроќа ибни Молик куљост?

Дере нагузашта Суроќа ба назди Умар (р) њозир шуд. Умар (р) сару либоси ќиматбањои Кисроро ба ў пўшонида, тољи шоњиро ба сараш гузошт ва шамшерро ба китфаш овехт. Суроќа мутакаббирона ќадам мезад ва оби дидагонаш рўяшро мешўст ва ба такрор мегуфт:

- Рост гуфтанд Расули Худо (с), рост гуфтанд.

Умар ин манзараро дида, рўяшро љониби осмон карда, гуфт:

- Худоё, ба тањќиќ ту ин молро ба Расулат надодї, ў бешак, дар наздат нисбат ба ман мањбубтару мукаррамтар аст. Ба Абўбакр(р) низ надодї. Ў низ дар наздат аз ман дида мењрубону мукаррамтар аст. Вале он сарватро ба ман ато кардї. Худоё, ман паноњ талаб мекунам аз ту, ки мабодо он сарват боиси ба фитна гирифтор шудани ман шавад[48].

 

 

47. Илњоми Умар (р)

Рўзи љумъа буд. Овози Умар (р) баланд садо медод. Ў ба мардум ваъз гуфта, эшонро насињат мекард. Дар њамин маврид Умар (р) якбора бо овози баланд чунин гуфт:

- Эй Сория ибни Зунайм, ба кўњ, эй Сория ибни Зунайм ба кўњ? Њар ки гургро чўпони рамаи гўсфандон кунад, ситамгар аст…

Ин сухан се бор такрор шуд. Мардуми њайратзада, худ ба худ мегуфтанд. Умарро ба Сория, ки дар ин маљлис њузур надорад, чї кор бошад?

Баъди чанде, Умар ибни Хаттоб (р) аз минбар фуруд омад. Мардум дар гирди ў њалќа зада, асли воќеаро мепурсиданд. Пас ў ба онњо њодисаро шарњ дода, чунин гуфт:

- Дар дилам гузашт, ки мушрикон бародарони моро шикаст медињанд ва онњо ба сўи кўњ мераванд. Агар ба кўњ паноњ баранд, аз љониби дигар мавриди њамла ќарор мегиранд ва агар аз кўњ гузаранд, њалок мешаванд. Аз ин хотир, ман онњоро машварат додам, ки ба кўњ пуштнокї такя кунанд ва ба душман рў ба рў шаванд.

Баъди як моњ аз назди мусулмонон марде, муждаи фирўзї расонида, гуфт:

- Мо дар аснои њарб њоли табоњ доштем. Ногоњ овозеро аз ѓайб шунидем, ки се маротиба гуфт:

- Эй Сория ба кўњ. Мо ин нидоро шунида, пушт ба кўњ такя кардем ва ба душман њамла намудем. Баъди чанде Худованд душманро шикаст дод[49].

 

 

48. Њамаи шумо бињиштї њастед, ба љуз марде

Рўзе Умар (р) бо асњоби киром нишаста сўњбат мекард. Дар рафти сўњбаташ гуфт:

- Агар аз осмон мунодие нидо мекард, ки эй мардум, њамаи шумо дохили љаннат мешавед, ба љуз як нафаре аз шумо, метарсидам, ки мабодо њамон нафар ман бошам. Ва агар мунодие нидо мекард, ки эй мардум њамаи шумо дохили дўзах мешавед, ба љуз марде аз шумо, ман умед мекардам, ки њамон як мард ман бошам[50].

Аз каромоти Умар (р)

Муддати чанд борон набориду киштањо бењосил шуданд хушксолї њоли мардумро ба танг овард ва ба чорво низ бе таъсир намонд. Пистони чорвои ширдењ ба баданаш часпид. Умар (р) њамроњи мардум ба сањро рафта, ду ракаат намоз гузориданд. Баъд аз ин, ў ду љониби ридояшро барчида ба ду љониби камарбандаш халонд ва кафи дуо кушода, бо дидањои ашкрез рўи ниёз ба Худои бениёз оварда, чунин гуфт:

-Худовандо, гуноњњои моро бубахш ва моро аз борони пурфайзат бонасиб гардон!

Ин дуоро гуфта, њанўз аз он макон дур нашуда буд, ки борон борид.

Баъд аз чанде гурўње аз бодиянишинон ба назди Умар (р) омада, ба ў гуфтанд, ки эй амирулмўъминин, мо фалон рўз ба фалон ваќт дар биёбон, дар манзиламон будем, абри сиёњ болои сари моро зулмонї гардонд ва аз он овози «Ба ту ёрї расид, эй Абўњафс, ба ту ёрї расид, эй Абўњафс»-ро шунидем. (Абуњафс кунияи Умар (р) буд.[51])

 

 

Баракати дуои Умар (р)

Дар миёни лашкари ислом марде аз ањли Шом шомил буд, ки наърааш ба наъраи шер монандї дошт. Ин наърањои ў њангоми муњориба аз њазор савораи љангї авлотар буд. Њангоме, ки ў наъра мезад, дар паси ў шумораи зиёди љанговарон саф мекашиданд ва якбора њамла мекарданд. Ўро ба назди амирулмўъминин Умар (р) ба Мадина фиристоданд. Умар (р) баъди чанде ўро гум карда, ба кофтукоби ў афтод. Ба халифа Умар (р) хабар доданд, ки он марди шуљоъ шаробхор шудааст. Умар (р) котибашро талабида, амр кард, ки чунин нависад:

- Аз Умар ибни Хаттоб (р) ба фалонї ибни фалонї. Салом бар ту. Баъд аз њамду санои Худое, ки љуз ў маъбуди барњаќе нест ва ў бахшандаи гуноњон, тавбапазир, сахтгиру муќтадир аст ва љуз ў маъбуди барњаќе нест ва бозгашти њама мављудот ба сўи ўст. Эй мард, туро ба сўи ў мехонам.

Баъд аз ин Умар (р) ба њамроњонаш гуфт:

- Аз Худо дар њаќќи он бародаратон дуо кунед, то ки Худо ўро ба роњи рост њидоят созад ва тавбаашро бипазирад.

Ваќте ки мактуби Умар (р) ба он мард расид, онро такрор ба такрор мехонд ва мегуфт:

- Бахшандаи гуноњ, тавбапазир, сахтгир. Баъд аз ин дуру дароз гирист, њатто оби чашмаш ришашро тар кард. Бо баракати дуои Умар (р) дигар касе надид, ки он мард шароб нўшида бошад[53].

 

 

52. Ањли оилаатро аз сухтор наљот дењ!

Умар (р) дар канори роњ бо марди жўлидамўе, ки асари сафари дуру дароз дар љисми лоѓару пажмурдааш ба назар мерасид, рў ба рў гардид ва аз ў пурсид:

-Номат чист?

Марди мусофир гуфт:

-Номам Љамра (оташпора)

Умар (р) гуфт:

-Номи падарат чист?

-Номи падарам Шињоб (ситораи фурўафтанда)

Пасон пурсид:

-Аз куљо омадї?

Мард гуфт:

-Аз Њараќа, (макони сўхта), номи ноњияе дар Уммон

Умар (р) боз пурсид:

-Ањли хонаводаат дар куљо сокин шуданд?

Мард гуфт:

-Дар Њурраи нор (гармии оташ), (номи ноњияе дар наздикии Мадина).

Умар (р) гуфт:

-Ба масканат шитоб ва ањли оилаатро аз сўхтор наљот бидењ!

Мард ба манзилаш рафта, њолро мувофиќи гуфтаи Умар (р) дид. Ин аз каромоти Умар (р) буд.[54]

 

 

53. Умар (р) ва роњиб



Поделиться:


Последнее изменение этой страницы: 2016-04-26; просмотров: 409; Нарушение авторского права страницы; Мы поможем в написании вашей работы!

infopedia.su Все материалы представленные на сайте исключительно с целью ознакомления читателями и не преследуют коммерческих целей или нарушение авторских прав. Обратная связь - 3.14.246.254 (0.229 с.)